“Манзили дастрас” акнун дастрас мешавад?
Нурулло Наимов, раиси лоиҳаи “Манзили дастрас”, муваққатӣ аз масъулияташ дур шуда, ба ҷои ӯ Парвиз Абдураҳимзода корро оғоз кардааст.
Масъулон мегӯянд, нахустин хонаҳо то охири имсол ва боқимондаҳо то охири соли 2019 ба дасти соҳибонашон хоҳад расид. Прокуратураишаҳри Душанбе ба таҳқиқи амалкарди раҳбарияти собиқи тарҳи “Манзили дастрас” оғоз кардааст. Мақомот мегӯянд, прокуратура аз ҷумла бояд мушаххас кунад, ки чаро роҳбарияти пешини тарҳ пули мизоҷонро ба хазина насупоридааст?Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, ҳафтае қабл аз прокураура тақозо карда буд, то амалкарди масъулини сохтмони «Манзили дастрас»-ро тафтиш кунанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ