Манзура Ҷӯраева — Самарқанд

Ёди ту

Гум кун, эй дӯст, бар сурат дилам,

Зиндагӣ аз сарнавиштам, қотилам.

Панҷаи нарму булӯрини сарвар,

Шуд гусаста нимаи ноодилам.

Парда аз рухсори нангин мекашам,

Чун бидидам сард гашта оғӯшам.

Мерасад он бӯсаи густохи шаб,

Бар вуҷуди рӯз бубрида хушам.

Синаи номеҳрубонам танг-танг,

Даҳри дил аз ёди ту бигрифта ранг.

Ман бибӯсам дӯстиро бо лаъин,

Напзирад номус, агарчӣ ҳеҷ ранг.

Месурудам ишқро бар одамон,

Мегирифт абри бало атрофи хон.

Мӯидан аз мурғи ҳақ дуздидаам,

То нагардад мавҷудам танҳо равон.

Ишқ беҳтар аст аз қалби забун,

Ашки  ғаммоз дидагон лағзидааст,

Зинда гардид хотироти ёд ту.

Чун бидидам булбули оғушта хун.

***

Дарди ишқ

Ишқи худ пинҳон намудам, як қалби ношикеб,

Мекунам олам муаттар, гуфта болид ҳамчу шед.

Ақли кулл маъзул ӯро гӯйӣ, лекин охирон,

Бо дили овора рафтам, бар чаман, чун андалеб.

Зоҳиран зикри худо, аммо сияҳгар дар нуҳуфт,

Зоҳиди  хилватнишин, домони пок, олуда гуфт.

Сели накбат бар сарам меборад андар ҳар қадам,

Андаруни жарфи нангам, дурам аз ҳар хобу хуфт.

Чун сипандам, дар ҳавои ишқ месӯзад танам,

Ман гурезон аз шарорам, лек беш аз гулханам.

Ман гули бе боғбон бишкуфтаам, эй бехабар,

Аз гулистонам мабар имрӯз, зеби гулшанам.

То битобад домани хуршеди маънӣ дар сиришт,

Дарди  ишқамро чу Робиа, ба хун хоҳам навишт.

Офарида бар хилофи хоҳишам баҳри сарвар,

Гарчӣ манро нолае бинавишта буд, ин сарнавишт.

***

Сояи пурнур

Дил сиришки дида меборад кунун,

Чун назар ӯро биафтод андарун.

Қисмати най мерасад ёди маро,

Рақси ғам печида ҳастӣ, қадри хун.

Дарду андӯҳе фаро бигирифта сар,

Такягоҳ меҷӯям аз ҳар раҳгузар.

Мисли модар ашки оби дидагон,

Мекунам бо ханда пинҳон аз назар.

Сояи пурнурро дида зи дур,

Таркиши андӯҳ шунидам бо убур.

Марг афтода зи по, аммо бурун,

Одам овард баҳри ман аз байни ҳур.

Оҳ, пару боли замирамро мадор,

Мевазид бӯсида дил, бе ихтиёр.

Сайд  будам, маҳбуси нокоми яъс,

Лек ҳоло буд нишот майлу исор.

Деву дад аз ботини ӯ, бок чист,

Ҳар нигаҳ ин қалби садпора шикаст.

Панҷаи ӯ ҳалқа буд, эҳдо зи марг,

Шуд ҳақиқат ёри ман, рӯъё гусаст.

منظوره جوره آوا – سمرقند

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *