МАОРИФ БЕСОҲИБ МОНДУ ХОНАНДАГОН БЕДАРС

Дар як сол ду-се маротиба мудир иваз шавад, cе моҳ боз мудир набошад, панҷ нафарро ҷеғ задану касеро таъин накардани Вазорати маориф ин дарди сахт аст.

(Нома ба Pressa.tj)

Устувории пояи давлатдорӣ ба мактабу маориф сахт вобастагӣ дорад. Агар ба рушди мамлакатҳои пешрафтаи дунё як назари сатҳӣ афканем рӯшан мегардад, ки дар ҳамаи онҳо мактабу маориф дар ҷои аввал меистад.

Коршиносон мегӯянд, ки Ҷопон пас аз дар ҷои аввал гузоштани мактабу маориф ва баланд бардоштани ҷойгоҳи омӯзгор ба дараҷаҳои баланди илму техника шарафёб гардидааст.
Чандест, ки масъалаи чигили маорифи яке аз ноҳияҳои серхонандатарини ҷумҳурӣ – Панҷакент кулли омӯзгорон, кормандони маориф ва падару модаронро нигарон кардааст. Суратгузориши яке аз корафтодагон, ки рӯзи 24-уми ноябр ба мо равон кард водорамон намуд, ки ба ин масъала сару кор гирем. Аз моҳи майи соли равон то имрӯз маорифи Панҷакент бесоҳиб аст, яъне мудир надорад. Ин дар ҳолест, ки дар ду — cе соли охир чанд маротиба мудирон иваз шудаанд.
Исмоил Зарифӣ яке аз омӯзгорони собиқадори ноҳия ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ба суоли “Шумо вазъи имрӯзаи маорифро чигуна баҳо медиҳед?” чунин изҳори ақида намуданд:
«Дар як сол ду-се маротиба мудир иваз шавад, cе моҳ боз мудир набошад, панҷ нафарро ҷеғ задану касеро таъин накардани Вазорати маориф ин дарди сахт аст. Обунаҳои маҷбурӣ. Мактаби мо баинсофона аст, вале дирӯз дар як автобус муаллимае шаква дошт, ки аз 700 сомонӣ маошаш 439 сомонӣ обунапулӣ доштаанд. Ҳамаи органҳо фақат мактабро мебинанд. Зиндагии муаллим рӯз ба рӯз бад шуда истодааст».
Дар суратгузорише, ки аз шуъбаи маориф  омадааст, ки: «Ассалом. Шӯъбаи маорифи мо бесоҳиб. Соат 10 шудос, ҳама кабинетҳо махкам. И еще грубо отвечают. Чихеле, ки дар суратҳо мебинед ҳама интизори кормандони маориф».
Баъзе волидайн мегӯянд, ки дар мактабҳои мо реҷаи дарсӣ иваз шудааст. Дар бисёре аз мактабҳо дарсҳо то соати 10-и рӯз идома меёбанду бас. Омӯзгорон аз вазъияти ба амаломада суиистифода намуда хоҳанд меоянд нахоҳанд не.
Ду нафар коршиносони собиқадор, ки нахостанд номашон ифшо шавад арз намуданд, ки набуди сарвари маориф ва зуд-зуд ивазшавии он, хунукии синфҳо ва зуд-зуд беморшавии кӯдакон, нарасидани ҷой барои синфҳои 1 дар синфхонаҳо, норасоии васоити таълим ва техникӣ, мизу курсӣ ва китобҳои дарсӣ, инчунин дастурҳои методӣ, мушкилии ангишт ва ҳезум – мушкилиҳои ҳалношудаест,ки имрӯз пешорӯи маорифи Панҷакент гардидааст.
Ба назари ин ҷониб зуд-зуд иваз шудани мудирони маориф мувофиқ набудани кадрҳои пешниҳодшуда, сатҳи пасти касбият, чашми корнодонӣ, надоштани сиёсати роҳбарӣ, арзанда набудан ба ин вазифа боис гаштааст, ки обрӯи маорифу омӯзгор дар ноҳия ба сатҳи хеле паст расад. Ба андешаи мо таъин намудани кадри болаёқат метавонад дар муддати кӯтоҳ обрӯи аз байн рафтаистодаи маорифро бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МИҲД-и шаҳри Панҷакент барқарор намояд.
Аз ин навиштаи мухтасар хулосаи мантиқӣ бармеояд, ки  Вазорати маориф ва илм ё МИҲД-и Панҷакент ба ин масъалаи муҳим аз паси панҷа менигаранд.
Бибиҷон АШӮРОВА

P.S.Ин номаро сомонаи Pressa.tj нашр намуда истода, умедвор аст,ки роҳбарияти навтаъиншудаи ноҳияи Панҷакент ва Вазорати маориф ба ин масъалаи доғ таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *