Маориф: Вазири нав дар баррасии се масъала иштирок кард
Таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илм баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, дар ҷаласа муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ ва Панҷ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа се масъала — “Оид ба ҳамкории педагогии оила ва муассисаи таълимӣ дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон”, “Оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01062017, №276), Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, Корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.072017, №358) дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он” ва “Оид ба ҳисоботи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ оид ба фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳия дар соли 2021” мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.
Дар рафти ҷаласа вазири маориф ва илм Р. Саидзода вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ