Абдуҷаббор Раҳмонзода меҳмони мастчоҳиёни Ӯзбекистон шуд
Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бо ҳокими ноҳияи Букаи ин кишвар ба деҳаи Истошон омада, меҳмони мастчоҳиён шудааст.
Ҳамзамон, онҳо аз сохтмони мактабе, ки мардуми ин деҳа аз ҳисоби худ бунёд карда истодаанд, дидан намудааст.
Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни шиносоӣ аз корҳои сохтмони мактаб ба мардуми ин деҳа таҳсину офарин хонда, гуфтааст, ки аз тариқи расонаҳо аз бунёди чунин мактаби тоҷикӣ ва он ҳам аз ҳисоби худи мардум огоҳ шуда, хостааст онро аз наздик бубинад.
Ба гуфти сокинони деҳа сафир ваъда кардааст, ки барои дастрас намудани китобҳои дарсии тоҷикӣ ва ҷалби соҳибкорони тоҷики муқими Ӯзбекистон дар андова (штукатурка)-и деворҳои бино кумак хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ