Хатлон: 750 омӯзгор барои кор ба хориҷи кишвар рафтаанд

Давоми соли ҷорӣ аз вилояти Хатлон кам не, 750 омӯзгор ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳанти рафтаанд. Яке аз сабабҳои тарки муассисаҳои таълимӣ кардани онҳо вазъи чандон нохуби иқтисодӣ гуфта мешавад.

Ашӯралӣ Олимӣ, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, яке аз сабабҳои асосии рафтани омӯзгорон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ин вазъи нохуби молиявии онҳо аст. Ӯ мегӯяд, аксарияти омӯзгорон барои пайдо кардани шуғли мувофиқ ва даромади бештар ба хориҷи кишвар рафтаанд.

“Қариб аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон омӯзгорон ба хориҷи кишвар рафтаанд. Аммо бештар аз ноҳияи Кӯшониён ва Абдураҳмони Ҷомӣ муҳоҷиршавии омӯзгорон ба қайд гирифта шудааст”.

Дар ҳамин ҳол Абубакр Чориев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониёд гуфт, тахминан сад омӯзгор аз ноҳияи мо ба хориҷи кишвар рафтаанд. Аммо ӯ иддао кард, ки ин омӯзгорон тарки соҳаи маориф накардаанд. Танҳо ба муҳоҷират рафтаанд.
—Омӯзгороне, ки ба муҳоҷират рафтаанд аксарият омӯзгорони мавсимӣ буданд. Солҳои пеш ҳам ҷойи кори асосии онҳо хориҷи кишвар буд. Аз сабаби банд будани роҳҳо ба муҳоҷират рафта натавонистанд ва ба муассисаҳои таълимӣ ба кор омаданд. Парвозҳо ки барқарор шуданд ба кори асосии хеш баргаштанд,-таъкид кард вай.
Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *