Тағйироти кадрӣ: Аз таъини Давлатзода то барканории Фақеров

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 20-уми ноябр  ректорони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акамик Муҳаммад Осимӣ  ва Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистонро аз вазифаашон барканор кард.

 Тиқи иттилои дафтари матбуотии Президенти Тоҷикистон,  Одиназода Ҳайдар Одина бинобар сабаби ба синни нафақа расидан аз вазифаи ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ озод гардида, ба ҷойи ӯ  Давлатзода Қудрат Қамбар таъин гардид.

Ҳамзамон, Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озод шуд. Ба ҷойи Ҳамидуллохон Фақеров Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъин шуд.

ДАВЛАТЗОДА Қудрат Қамбар

5 апрели соли 1972 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.

Солҳои 1990-1995 Донишкадаи химикию технологии Қазоқистонро хатм намуда, аз соли 1995 то 1998 дар кафедраи комплекси агросаноатии факултети иқтисод ва идораи ДДМТ ба ҳайси ассистент кору фаъолият намудааст.

Солҳои 1998-2000 ба ҳайси аспиранти Донишгоҳи давлатии Воронежи Федератсияи Россия ва аз соли 2000 то 2004 ҳамчун ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи КАС-и факултети иқтисод ва идора фаъолияташро идома додааст.

Солҳои 2004-2008 ҳамчун ходими калони илмии ДМТ ва ҳамзамон докторанти Донишгоҳи давлатии Воронежи ФР ба шумор мерафт.

Солҳои 2009-2011 дар вазифаи сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва аз соли 2011 то соли 2012 дар вазифаҳои сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳайси мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2012-2013 ҳамчун муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмиллӣ ва аз 2013 то 2017 дар вазифаи декани факултети иқтисод ва идораи ДМТ фаъолияташро идома додаааст.

Аз соли 2017 то январи соли 2018 ба ҳайси ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2018 директори Агентии стандартизатся, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Давлатзода Қудрат Қамбар дар рушди соҳаи маориф ва илм, инчунин дар таълиму тарбияи кадрҳои илмӣ саҳми босазо дорад. Бо роҳбарии Давлатзода Қ.Қ. 5 нафар аспирант  масъалаҳои муҳими иқтисодиро таҳқиқ намуда, соҳиби унвони номзади илм гардидаанд. Ҳамчунин, Давлатзода Қ.Қ. муаллифи 4 монография ва зиёда аз 80 мақолаи илмӣ буда, аъзои Шӯрои диссертатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мебошад.


Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *