Маош 3 ҳазору 336 сомонӣ: Маҷлиси миллӣ барои Рустами Эмомалӣ ёвар меҷӯяд

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи ёвари раис оид ба масъалаҳои умумӣ озмун эълон кард.

Тибқи шартҳои озмун, довталабон ба вазифаи ёвари раис бояд маълумоти олӣ, 7 сол собиқаи корӣ ё 6 сол собиқаи корӣ дар хизмати давлатӣ дошта бошанд.

Ғайр аз ин довталабон бояд меъёрҳои Конститутсияи ҷумҳурӣ, санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро дониста, аз дониш ва малакаи роҳбарӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, қобилияти идоракунӣ, банақшагирии раванди кор, маҳорат, малака, сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ ва кор бо тобеон бархӯрдор бошанд.

Номзадҳо инчунин бояд дорои малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, одобу ахлоқи шоиста бошанд. Забонҳои давлатӣ, русӣ, англисӣ, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин малакаи кор бо компютерро ҳатман донанд.

Музди меҳнати ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон 3 ҳазору 336 сомонӣ муқаррар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *