Маоши баланд ва ихтисосҳои нав дар ДСХ

Дар соли таҳсили 2016-2017 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ихтисосҳои нав: «Менеҷмент», «Менеҷменти молиявӣ», «Идоракунии зиддибӯҳронии корхонаҳо» ва «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот», ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ҳастанд,  қабули донишҷӯён ба роҳ монда шуд.

Дар ин бора имрӯз, 19 январ Диловар Қодирзода,  ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ректор,  дар донишкада тамоми имкониятҳо барои   омода намудани мутахассисон  мавҷуд аст.  Соли 2016 теъдоди устодони  унвондор  ва дараҷаи илмӣ ба 59 нафар, аз ҷумла 6 доктори илм, профессор ва 53 номзади илм, дотсент  расонида шудааст.  Ҳамчунин, миқдори компютерҳо ба 584 адад расид, ки нисбат ба соли 2010 ду маротиба зиёд буда, ба ҳар 4  донишҷӯ  як компютер рост меояд.

Маоши  устодони донишкада низ барои як басти корӣ  аз 2500 то 5000 сомонӣ мебошад. Д.Қодирзода таъқид намуд, ки ин гуна маош дар дигар муассисаҳои олии кишвар нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *