Маоши миёнаи душанбегиҳо ба 1589 сомонӣ расидааст
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҳисоботи солонааш музди миёнаи меҳнат дар пойтахтро 1589 сомонӣ гуфт. Ин нисбат ба соли 2015, ки 1492 сомонӣ буд, 6,5% бештар аст.
Тибқи гузориши Убайдуллоев, теъдоди бекорони расман сабтшуда ба 3099 нафар расидааст, ки нисбати нишондоди соли гузашта 8% камтар мебошад.
Ба ҳисоби Убайдуллоев қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат, ки соли гузашта 1 миллиону 138,9 ҳазор сомониро ташкил медод, имсол то 615,6 ҳазор сомонӣ коҳиш дода шудааст.
Раиси Душанбе таъкид кардааст, ки тайи як соли охир шумораи сокинони доимии пойтахт ҳудуди 2 дарсад афзоиш ёфта, ба 810,2 ҳазор нафар расидааст: “Соли гузашта сокинони доимии Душанбе 795,5 ҳазор нафар буданд”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ