Марҳилаи 3 ва 4-уми бузургтарин корхонаи нассоҷӣ дар Данғара ифтитоҳ ёфт (аудио)

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 28-уми апрел ба ноҳияи Данғара сафар карда, нахуст марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии ҶСП “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил”-ро ба истифода дод.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Сарвари давлат, ин бузургтарин корхонаи нассоҷӣ буда, марҳилаи якум ва дуюми корхонаи мазкур солoҳои 2016 ва 2018 ба истифода дода шуда буд.

Ду сехи қаблии бозшуда асосан ба истеҳсоли ришта нигаронида шуда, марҳилаи сеюм ва чорум бошад, ба коркарди он равоана шуд, то имрӯз таҷҳизоти истеҳсолоти бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пайваст карда шудааст.

Дар сехи бофанда, асосан бофтани газвор, аз қабили матоъҳои яктарафа ва дутарафаи риштадор бо иқтидори солонаи истеҳсолоти зиёда аз 7 ҳазор пешбинӣ шудааст.

Дар сехи матоъҳои кешбофӣ бошад, асосан матоъҳои аълосифат барои либос ва рахти хоб истеҳсол мешавад. Иқтидори солонаи истеҳсолот ба 20 миллион метри мураббаъ мебошад.

Дар коргоҳи дузандагӣ имкон аст, ки дар як сол зиёда аз 1 миллион адад либосҳои гуногун истеҳсол карда шавад.

Тибқи маълумоти оморӣ дар корхона то имрӯз 183 ҳазор дона либосҳои гуногун, 37,22 тонна матои рангуборшуда, 50,14 тонна газвор ва 5 миллиону 35 ҳазор метри мураббаъ матои кешбофӣ, истеҳсол шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *