Марҳилаи дуюми эмгузаронӣ бар зидди сурхча оғоз шуд

Дар Тоҷикистон марҳилаи дуюми эмгузаронӣ бар зидди сурхча оғоз шуд.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати амнияти эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки  айни замон марҳилаи дуюми ҷорӣ кардани эмкунӣ бар зидди ин беморӣ идома дорад.

Даври аввал аз 21 то 31 август баргузор шуда, ки кӯдакони аз 6 моҳа то 6 сола эм карда шуданд.

Дар доираи марҳилаи навбатӣ кӯдакону наврасони аз 7 то 15-сола эм карда мешаванд.

Дар маҷмӯъ, маъракаи эмкунӣ барои 3,5 миллион нафар пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи Наврӯз Ҷаъфаров, ваксина барои кӯдакон безарар ва амалиётҳои тиббӣ ройгон аст.

Гуфта мешавад, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ вазъияти бемории сурхча тахти назорати  табибон мебошад.

Сурхча бемории вирусӣ буда бештар кӯдакон гирифтор мешаванд. Он миёни кӯдакон бидуни мушкилӣ мегузарад. Беморӣ зуд паҳншаванда буда, дар як муддати кутоҳ метавонад на танҳо як хонавода, балки ҷомеаро сироят кунад.

Бинобар ин, эмгуҳаронӣ яке аз роҳҳои саривақт пешгирии ин беморӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *