Марҳилаи сеюми футболи Тоҷикистон бо истифода аз VAR шуруъ шуд
Марҳилаи сеюми Чемпионати футболи Тоҷикистон дар Лигаи олӣ оғоз шуд. Дар даври аввали ин бозиҳо бори нахуст системаи VAR истифода шуд.
Дар даври аввали марҳилаи сеюми чемпионати Тоҷикистон-2023 дар гурӯҳи «А» «Эсхата»-и Хуҷанд бар «Куктош» бо ҳисоби 3:0 зафар ёфт. «Равшан»-и Кўлоб дар оғози марҳилаи сеюм дар ҳамин гурӯҳ дар майдони худ бар дастаи «Файзканд»-и Восеъ бо ҳисоби 4:2 пирўз шуд.
Дар бозии даври аввали марҳилаи сеюми чемпионати Тоҷикистон-2023 дар гурӯҳи «Б» «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар меҳмонӣ «Ҳосилот»-и Фархорро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
КМВА дар бозии якуми марҳилаи сеюм дар ҳамин гурӯҳ дар майдони худ бар дастаи «Хатлон» (1:0) пирўз шуд. Дар ин вохўрӣ бори нахуст аз системаи VAR истифода шуд. Гузашта аз ин, дар охири қисми аввал довари марказӣ пас аз тамошои наворҳои такрорӣ голи «Хатлон»-ро бекор кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ