Маърӯзаи директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон

Рӯзҳои 18-19-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи Шӯрои осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Осорхонаи миллии Тоҷикистон, дар ин ҷаласа директорони осорхонаҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ — Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иштирок кардаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” Иброҳимзода Зафаршо дар ҷаласаи мазкур ширкат ва дар мавзуи “Дастовардҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ” маърӯза намудааст.

Ӯ дар маърӯзаи хеш баён доштааст, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон миёни осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ дар бисёр бахшҳои фаъолияти осорхонавӣ пешгом буд, аз ҷумла, нахустин шуда сайрҳои маҷозӣ, онлайнӣ ва “Онлайн Парад”-ро баргузор кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *