Марҳабо ба ҷашнвораи «Парасту – 2019»
Маросими ифтитоҳи ботантанаи ҷашнвора 15 апрел, соати 9:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон баргузор мегардад.
Бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 80–солагии ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов аз 15 то 22 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2019» баргузор мегардад. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷашнвораи мазкур 18 театрҳои касбии кишвар намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир саҳнавӣ гардидаанд, ба маърази тамошобинон ва ҳакамони озмун пешниҳод хоҳанд кард.
Маросими ифтитоҳи ботантанаи ҷашнвора 15 апрел, соати 9:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон баргузор мегардад.
Қарор аст, дар доираи ҷашнвора ду мизи мудаввар – яке дар мавзӯи “Маҳмудҷон Воҳидов – арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик” ва дигаре “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” баргузор гардад.
Ҳамчунин, дар ин ҷашнвора донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба меҳмонон намоиши ғайриозмунии “Шоҳ Эдип” (асари Софокл, коргардон Т. Розиқов)-ро пешниҳод менамоянд.
Масъули вазорати фарҳанг қайд намудаанд, ки даромад ба тамоми намоишҳо ройгон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ