Марҳамат ба Фестивали тобистонаи Душанбе
Рӯзҳои 18 -19 августи соли равон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» — и пойтахт Фестивали тобистонаи Душанбе баргузор мегардад.
Аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додаанд, Фестивали мазкур бо мақсади муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии мамлакат ва фароҳам овардани имконият ҷиҳати таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт баргузор мегарад.
Дар Фестивал барои сайругашти оилавии шаҳрвандон тамоми шароит фароҳам оварда мешавад. Дар ин рӯзҳо тамоми тарабхонаҳои пойтахт таҳти унвони «Ғизои болаззат» хӯрок ва дигар маҳсулоти миллиро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.
Барои бачаҳо таҳти унвони «Шаҳри афсонаҳо» ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла, бо иштироки ҳунармандони Театрҳои пойтахт намоишҳои мазҳакавӣ ва ҳазлу шухӣ пешниҳод гардида, онҳо метавонанд дар ин ҷо аспсаворӣ намоянд.
Ҳамчунин дар Фестивали тобистонаи Душанбе баргузории барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки санъаткорони машҳури мамлакат дар назар дошта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ