Марҳамат ба Намоишгоҳ-ярмаркаи универсалии байналмилалии «Тоҷикистон -2017»
Аз 27 то 29 июли соли равон дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳ-ярмаркаи универсалии байналмилалии «Тоҷикистон -2017» баргузор мегардад.
Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додаанд, дар намоишгоҳи мазкур бахшҳои сохтмон, энергетика, таҷҳизот барои соҳаи кӯҳканӣ, металлургӣ, саноати кимиё, соҳаҳои кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати сабук (таҷҳизот ва технология), сайёҳӣ, таҷҳизот ва технологияҳои истеҳсолӣ, соҳаи бонкӣ, молиявӣ ва сармоягузорӣ муаррифӣ карда мешаванд. Дар кори намоишгоҳ ширкатҳои бонуфуз аз давлатҳои хориҷии дуру наздик ва инчунин ширкатҳои ватанӣ иштирок мекунанд.
Дар доираи намоишгоҳ 27 июл, соати 15-00 дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад» баргузории ҳамоиши доираҳои соҳибкорон — иштирокдорони Намоишгоҳ-ярмаркаи универсалии байналмилалии «Тоҷикистон -2017» ва 28 июл, соати 10-00 ҳамоиши сеҷонибаи доираҳои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Беларус пешбинӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ