Марҳамат ба намоиши инфиродии аккосӣ «Уфуқҳои дӯстӣ»

6 июли соли 2019 соати 11:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатииҶумҳурии Тоҷикистон намоиши инфиродии аксбардори шинохтаи Тоҷикистон Заур Дахте бо унвони «Уфуқҳои дӯстӣ» баргузор мегардад.

6 июли соли 2019 соати 11:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатииҶумҳурии Тоҷикистон намоиши инфиродии аксбардори шинохтаи Тоҷикистон Заур Дахте бо унвони «Уфуқҳои дӯстӣ» баргузор мегардад.

Заур Дахте наворбардори маъруф, суратгири мусаввир, Ходими хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Профессори Донишгоҳи байналмилалии таълими бунёдӣ, Лауреати кинофестивалҳои байналмилалӣ соли 1936 дар Доғистон таваллуд шудааст. Тӯли беш аз 60 сол дар Душанбе зиндагӣ мекунад.

Солҳои 1955-1958 дар Хонаи байналмилалии бачаҳои шаҳри Иваново таҳсил карда, баъдан ба киностудияи «Тоҷикфилм» омад. Дертар ба Донишгоҳи кинематография (ВГИК) дохил шуда, ҳанӯз дар курси сеюм ҳамчун наворбардори касбии «Тоҷикфилм» шинохта шуд.

Пас аз кори дипломии ӯ – филми кӯтоҳметражии ҳунарӣ – «Лоле» Заурро эътироф карданд ва ӯ филми пурраметражии «Вохӯрӣ дар назди масҷиди кӯҳна»-ро (1968) ба навор гирифт. Сипас силсилаи филмҳои «Чор нафар аз Чорсанг» (ду серия, коргардон М.Қосимова), «Паланг зарур аст» (коргардон Б.Арабов), «Шераки ҷасур» (коргардон М.Маҳмудов) ва чанд номгӯи дигар рӯи кор омаданд.

Ҳамкории ӯ бо коргардони маъруф Б.Кимёгаров дар эҷодиёташ мақоми хос дорад. Беҳтарин филмҳои «Тоҷикфилм»: «Одам пӯсташро иваз мекунад», «Рустам ва Сӯҳроб» на танҳо дар СССР, балки хориҷ аз он тамошобини бешумор доштанд. Дар маъруфияти онҳо нақши филмбардор Заур Дахте хеле бузург аст.

Заур Дахте дар таҳияи зиёда аз 600 филм ширкат кардааст. Ду филми зебои ӯ ба маликаи балети тоҷику шӯравӣ Малика Собирова бахшида шудаанд. Филми «Малика» сазовори Ҷоизаи Кинофестивали ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ шуда буд. Баъди вафоти балерина Заур Дахте соли 1982 филми «Маликаи мо»-ро сохт.

Солҳои 70-80 асри гузашта борҳо амалиётҳои ҷанги Афғонистонро наворгирӣ карда, сужаҳои зиёде дар бораи археологҳо ва бозёфтҳои онҳо, аз қабили муҷассамаи Буддо, инъикоскунандаи воқеаҳои таърихӣ мебошанд.

Ҷасорату мардонагии Заур баъди бо парашют ҷаҳидан ва наворбардорӣ оид ба чемпиони чандинкаратаи ҷаҳон Ю.Баранов барои филми «Бошандаи осмон» то ба имрӯз вирди забонҳост. Барои ин филм дар Кинофестивали байналмилалии Каунас ба ӯ Ҷоизаи аввал эҳдо гардид.

Филмҳои олии Заур Дахте аз сарнавишту саргузашти шуарои бузурги форсу тоҷик: Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ба хазинаи тиллоии синамои миллӣ ворид шудаанд.

Завқи эҷодии Заур гуногунҷабҳа аст, вале суратгирӣ яке аз шуғлҳои деринаи ӯ буда, таи 20 соли охир он дар фаъолияти эҷодиаш хеле мукаммал зуҳур кардааст. Тамоми аксҳои гирифтааш саршори рангҳову гармӣ аст. Онҳоро метавон беохир тамошо кард. Дар сукунати он аксҳо эҳсосу андешаҳо амиқ инъикос гардидаанд. Сукунате дар ҳаракат… Ин қонунист, вақте ки суратро наворбардори синамоӣ мегирад. Наворбардори оддӣ не, балки яке аз беҳтаринҳо дар синамои тоҷик …

Аваллин намоиши аксҳои гирифтаи Заур Рустамович Дахте соли 2003 дар Душанбе доир гашта буд. Баъдтар намоишҳои инфиродиаш дар Чин, Ҳиндустон, Ҷопон, Россия, ИМА, Фаронса, Эрон, Олмон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Белорус, ӯзбекистон, Қирғизистон баргузор шудаанд…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *