Марҳилаи дуюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ

Дар шароити имрӯзаи рушд ва тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат Кумитаи тадорукоти Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бо роҳбарии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъсис дода шуда, масъулини соҳа баҳри рушди намудҳои миллии варзиш баргузории марҳилаи дуюми онро бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар сатҳи минтақавӣ ба нақша гирифтааст.

Ҳамин тариқ шурӯъ аз 20 июни соли ҷорӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ марҳилаи дуюми Фетивали бозиҳои миллии варзишӣ дар сатҳи минтақавӣ баргузор карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки тибқи таҳлили коршиносон ва мутахассисони намудҳои миллии варзиш, Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз рӯи 2 намуди бозиҳо, яъне намудҳои сабқат ва рақобати даставӣ ва намудҳои бозиҳои намоишӣ муқаррар гардидааст, ки аз рӯи тартиб чунин тақсимбандӣ гардиданд:

  • Намудҳои миллии варзишие, ки аз рӯи онҳо мусобиқаҳои даставӣ баргузор карда мешаванд:
  1. Гуштигирӣ ё гуштии миллии суннатӣ;
  2. Чавгонбозӣ;
  3. Шиноварӣ;
  4. Вазнабардорӣ (сангбардорӣ);
  5. Дастхобонӣ;
  6. Пойга (варзиши сабук, давидан ба масофаҳои 200,400,800 метр)
  7. Шоҳмот;
  8. Бандкашӣ.
  • Намудҳои миллии варзишие, ки ҳамчун намудҳои намоишӣ дар ҷараёни оғози Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ба марази тамошои мардум гузошта мешаванд:
  1. Хурӯсҷанг;
  2. Чиликдангал;
  3. Ланкабозӣ;
  4. Биҷилбозӣ;
  5. Камонварӣ;
  6. Шамшерзанӣ;
  7. Камонғулак;
  8. Фалахмон;
  9. Ҳойталак;

Бандпарак

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *