Марафони ПОРАГИРӢ дар Суғд

Кадом ниҳод пешсаф: ҳукуматҳо ё маориф?

Соли 2019 дар самти мубориза бо фасод дар вилояти Суғд 505 адад ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта ошкор карда шудааст, ки нисбат ба соли 2018 21 адад зиёд аст.  Аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршуда 124  ададашро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳад. Маблағи зарар аз рўи ин ҷиноятҳо ба 27,4  млн. сомонӣ баробар аст.

Парчамбардорони порагир

Сардори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд, генерал майори адлия Иброҳимзода Карим Иброҳим “парчамбардорони порахӯр”-ро чунин раддабандӣ карда, гуфт:

 “Таҳлили фаъолияти хизматии шахсони умумии ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда нишон дод, ки онҳо ба намояндагони чунин кумитаву вазоратҳо мансубанд: кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ  41 ҷиноят, кормандони соҳаи маориф –59, кормандони соҳаи тандурустӣ – 23, Кумитаи давлатии идораи замин  — 39,  дар соҳаи бонк – 19,  Вазорати корҳои дохилӣ -11, мақомоти судӣ — 3, Вазорати адлия  7, вазорати нақлиёт – 6, Вазорати меҳнат 39 ҷиноят  мебошад, ки дар байни кормандони сохторҳои мазкур нисбатан зиёдтар ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.  Инчунин, дар ин давра аз ҷониби кормандони Раёсат 123  ҷиноят вобаста ба замин ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати як соли пеш 49 ҷиноят зиёд аст”.  

Иброҳимзода он шаҳру ноҳияҳое, ки дар хӯрдани пора “иштиҳои хуб” доштанд, номбар карда: “Аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, ки тамоюли зиёдшавии ҷиноятҳои коррупсионӣ бештар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 124 ҷиноят, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – 54, ноҳияи Ҷаббор  Расулов– 45, шаҳри Панҷакент- 74, ноҳияи Ашт – 29, ноҳияи Спитамен – 21 ва шаҳри Истаравшан  27 ҷиноят ба чашм мерасад”.

25 ҳазор сомонӣ барои як порча замин

Яке аз парвандаҳои пурсарусадо дар нимсолаи дуюм ин даст ба ҷинояти коррупсионӣ задани кормандони МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ буд.  Ин парванда аз як тараф барои даст ба порагирӣ задани корманди ҳукумати ноҳия “сенсатсия” шуда бошад, аз тарафи дигар иваз шудани моддаи 319 “гирифтани пора” ба моддаи 247, яъне қаллобӣ аст.

Дар ин масъала Иброҳимзода  чунин равшанӣ андохт:

“Дар натиҷаи андешидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Мастчоҳ Идизода Муҳаммадҷон Ҳусейн бо роҳи фиреб ва суиистифода аз боварӣ аз шаҳрванд Амонова Н. барои  ҷудо карда додани қитъаи замин аз ҳудуди заминҳои ноҳия маблағи 25000 сомонӣ талаб намуда, зимни гирифтани қисми маблағи мазкур ба миқдори 12 500 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ў дарёфт ва гирифта шуд.  Вобаста ба ин ҳолат нисбати Идизода М. бо аломатҳои пешбининамудаи банди “б” қисми 4 моддаи 247-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ бо фикри айбдоркуни ба суд ирсол карда шуд.”

Ангур аз ангур ранг мегирад

Мақоли мардумии “ангур аз ангур ранг мегирад”-ро дар мисол овардани парвандаҳои ҷиноятии кормандони ҳукумати шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ёдовар шудан айни муддаост. Зеро дар давоми ҳамагӣ як сол ошкор гардидани 41 ҳодисаи ҷиноӣ дар байни кормандони МИҲД ин нишондиҳандаи  пасту кам нест. Ҳол он ки ҳукумат “умедхона”-и шаҳрвандон аст, ки барои ҳал шудан аз одитарин масъалаҳо то вазнинтарин мушкилоташон бештар маврид дари ҳукуматро мекӯбанд. Вале вой ба ҳоли он масъулону муовинон ва мудирони шуъбаҳову бахшҳо, ки барои ҷо мушкили ӯро гӯш кардан ё ҳал кардан ба дасту ҷайби ӯ чашм ало мекунанд.

Ҳамтои дигари Идизода,  роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштич Азиз Ёқубов  аз 08-уми январи соли 2019 бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.

Роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд оид ба ин масъала чунин гуфт: “Роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштич Азиз Ёқубов  дар он хусус, ки номбурда дар давраи фаъолияти кориаш моҳи январи соли 2016 аз шаҳрванд Давлатов Л.Қ. барои мусоидат кардан дар қабул намудани қарори раиси ноҳияи Деваштич аз 08 феврали соли 2016 таҳти №54 оид ба вобаста намудани 3,30 га қисми қитъаи замини захиравии ноҳиявии ҳудуди деҳаи Даҳкати ҷамоати деҳоти  Росровут ба хоҷагии деҳқонии  Комрон барои истифодаи муҳлатнок ба муҳлати 20 сол маблағи 2000 сомонӣ ба сифати пора талаб карда гирифтааст. Баъди гирифтани маблағи мазкур дурустии лоиҳаи қарори боло зикршударо бо имзои худ тасдиқ намуда, бо ин амалаш дар қабул шудани ин қарор мусоидат намудааст. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ёқубов  22 январи соли 2019  дар асоси санади

“Авф” дар пешбурд қатъ карда шуд.

Тоҳирова: “10 ҳазор биёру донишҷӯ шав”

Соҳаи маориф пешсафи дигари пора дар вилояти Суғд аст. Барои мисол, муаллимаи калони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии  Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Муҳаёхон Тоҳирова барои Ашӯроваро ҳамчун донишҷӯ ба Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дохил кардан 10 ҳазор сомонӣ пора талаб карда гирифтааст. Бино ба гуфти сардори коррупсияи вилояти Суғд ҳодисаи қаллобӣ аз ҷониби омӯзгори донишгоҳ  санаи 11 сентябр ба вуқӯъ пайвастааст.  Баъди ошкоршавии ин ҷиноят нисбати Тоҳирова бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии ҶТ, парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ба Суди шаҳри Хуҷанд ирсол карда шудааст.

Гургони борондида

Оморе, ки дар даст дорем, танҳо оморе ҳаст,  ки дар рафти санҷишҳо  ва маълумоти пешакию аризаҳо ошкор шудааст. Аммо аз эҳтимол дур нест, ҳамин миқдор ҷиноятҳои дигар  “паси парда мондаанд”. Зеро порахӯрон аксаран  “гургони борондида”  ҳастанд ва пеш аз тамаъ ва талаб карда гирифтани маблағ “чораҳои бехатарӣ” — ро меандешанд…

Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *