Маъракаҳои танзимшудаи Ӯзбекистон: сарояндаҳо норозиянд

Сарояндаҳои Ӯзбекистон аз қоидаҳои наве норозиянд, ки шумори сарояндагону ҳунармандонро дар маъракаҳои тую сур маҳдуд мекунанд. Мақомот мегӯянд, ин ва дигар маҳдудиятҳоро ба хотири камхарҷ кардани анъанаву маросимҳои мардум ҷорӣ кардаанд.

Қоидаҳое, ки дар моҳи сентябр аз сӯи порлумон қабул шуданд, шумори навозандагону сарояндагон дар маъракаҳо, теъдоди меҳмонон ва адади мошинҳоро ба танзим медароранд.

Ин дар ҳолест, ки чанде аз сарояндагони маъруфи Ӯзбекистон гуфтанд, ҳунарнамоии онҳо манбаи даромади афроди дигар аст.

Муниса Ризоева, сарояндаи ӯзбек гуфт, барои як ҳунарнамоии кутоҳ дар туйҳо то 800 доллар ҳаққи хизмат мегирад. Вай ин муздро бо навозандагон ва дигар афроди тимаш тақсим мекунад. Дар навбати худ, онҳо хонаводаҳояшонро таъмин мекунанд.

«Дар маҷмуъ, ҳунарнамоӣ ва даромади ман дар моҳ қариб 150 касро таъмин мекунад», — гуфт Ризоева.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *