Мард ҳамсарашро дар бозор кушт

Дар ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон як соҳибкор ҳамсари худро дар назди фурӯшгоҳаш, ки дар бозори марказии ноҳия ҷойгир аст, чанд корд задааст. Ба гуфтаи шоҳидон, зан дар маҳалли ҳодиса ҷон бохт.

Яке аз ҳамсуҳбатони мо дар вилояти Сурхондарё гуфт, ҳодиса субҳи 21 сентябр дар бозори марказии ноҳияи Деҳнав рух дод.

«Зану шавҳар дар бозор савдо мекарданд. Мард ба зани худ 5 корд зад. Ҳарчанд фурӯшандаҳои бозор «Ёрии таъҷилӣ»-ро даъват карданд. Вале зан дар пайи ҷароҳатҳои вазнин дар маҳалли ҳодиса ҷон бохт», — афзуд ӯ.

Ба гуфтаи як ҳамсуҳбати дигари мо, зану шавҳар барои пул ҷанҷол кардаанд. «Онҳо фурӯшгоҳро аз раиси бозор ба иҷора гирифта буданд ва ба далели он ки натавонистанд, пули онро сари вақт диҳанд, бо ҳам ҷанҷол карданд», — изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Раиси бозори марказии Деҳнав Н. Сафаров бо баҳонаи ин ки дар рухсатӣ аст, аз шарҳи ҳодиса худдорӣ намуд.

Додситонии Деҳнав дар робита ба ҳодисаи мазкур парванда боз карда, санҷиш идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *