Шарҳи ВКД: Мард ба бино барои шарубнушӣ даромада буд, на дуздӣ! (видео)

Санаи 12-уми июни соли 2020 дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он як гурӯҳ ҷавонон як нафар мардро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ боздошт намуда, аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост кардаанд, ки ӯро ба мақомоти милитсия дастрас ва нисбаташ чораи қонунӣ андешида шавад. Ҳамзамон гуфта мешуд, ки ӯ бо корд мусаллаҳ буда, яке аз ҷавононро захмӣ намудааст.


  Баъди нашри ин видео кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ба суроғаи мазкур, яъне кӯчаи Фирдавсӣ бинои 35 ҳозир шуда, марди гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздиро дастгир ва корди дар ҷайбаш бударо мусодира намуданд. Баъди ба мақомоти милитсия дастрас намудан муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Норматов Неъматулло Шомаматович соли таваллудаш 28.06.1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш, деҳаи Роҳи нав мебошад.
  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дастрасшуда Норматов дар пойтахт ба фурӯши меваҷот машғул буда, санаи 12-уми июни соли ҷорӣ тақрибан соати 16.00 дақиқа бо нияти ба зодгоҳаш ноҳияи Вахш баргаштан ба кӯчаи Фирдавсӣ назди ронандагони мусофиркаши самти Душанбе-Бохтар рафтааст. Дар ин замон аз як мағозаи фурӯши машруботи спиртӣ ба миқдори 100 грамм нушокии спиртӣ харидорӣ намуда, барои аз чашми шаҳрвандон ноаён ба истеъмоли он машғул шудан ба ошёнаи 3-юми бинои мазкур баромада, ба нӯшидани он машғул гардидааст. Ин амали ӯ боиси эроди яке аз сокини бинои мазкур қарор гирифта, ин сокини бино ба ҷавонписарони назди даромадгоҳ қарордошта гуфтааст, ки ӯро ба утоқи нозири минтақавӣ баранд. Аммо ҷавонписарон нисбати номбурда дағалона рафтор намуда, ҳамзамон ба ӯ ҳамла кардаанд.


  Дар ҳамин ҳол дастгиршуда, шаҳрванд Норматов Неъматулло бошад аз рафтори дағалонаи ҷавонписарон ба таҳлука омада, ҳангоми аз дасти ҷавонони бино раҳоӣ ёфтан корди бо худ доштааш нохост ба дасти яке аз онҳо расида, сипас ба ошёнаи 4-ми бинои кӯчаи Фирдавсӣ 35 паноҳ бурда, то омадани кормандони милитсия дар он боқӣ мондааст.
  Баъди санҷиши ҳамаҷониба ва пурсиши шоҳидону бошандагони бино мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ба таври расмӣ иттилоъ медиҳад, ки тамоми ваҷҳҳои эҳтимолӣ мавриди санҷиш қарор дода шуда, ҳолати майл доштани номбурда Норматов Неъматулло ба содир намудани ҷинояти дуздӣ ва ё даст доштани шаҳрванд ба суиқасди дуздӣ тасдиқ нагардид.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *