Мард додситон ва пулисро паронду худро кушт

Дар вилояти Акмолини Қазоқистон як мард додситон ва пулисро маҷруҳ карда, баъдан худро куштааст. Пулиси вилоятӣ хабар медиҳад, ки 20 июл марди ношиносе дар бинои додситонии ноҳияи Селиноград корманди додситонӣ ва пулиси маҳаллиро маҷруҳ ва аз ҷои ҳодиса бо мошин фирор кардааст.
Ҷасади гумонбар баъди 10 дақиқаи ҳодиса аз назди мошин пайдо шудааст. Дар иттилоияи пулис омадааст, ки мард «худро паррондааст».

Пулис мегӯяд, гумонбар марди 61-сола аст, ки парвандаи дуздиашро хадамоти зиддикоррупсионӣ таҳқиқ мекард.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтиш шуруъ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *