Мард назди фоҳишаҳо рафт ва занашро дар қатори онҳо дид

Марди 49-солаи Римӣ ба макони интизории фоҳишаҳо рафт, то барои фароғат хонумеро ҳамроҳаш барад. Аммо дар қатори фоҳишаҳо ҳамсарашро дид, ки интизори мизоҷ аст.  

Дар ҷойи ҳодиса ҷанҷолу хархаша бархест ва мақомоти полиси минтақаро лозим омад, ки барои ҷудо кардани онҳо мусоидат кунад.

Мард нақл мекунад, ки барои фароғат хостааст, занеро ҳамроҳаш гирад ва бо ин мақсад ба маҳаллаи  Via Cristoforo Colombo, ки макони исти фоҳишаҳост меояд ва дар канори роҳ хонуми доманкӯтоҳеро мебинад, ки пойпӯши баланд пӯшида канори роҳ мунтазири мизоҷ аст. Мард хост занро барои як шаб бо худ бара два вақте ба ӯ наздик мешавад ҳамсари худро мешиносад.

Ин марди итолиявӣ пеш аз он ки аз хонааш мебарояд, ба ҳамсараш мегӯяд, ки имшаб бо дӯстонаш шабнишинӣ дорад ва шабро дар хонаи дӯсташ мегузаронад. Зан аз фурсат истифода карда, барои кор кардан мебарояд. Баъдан маълум мешавад, ки зан чанд вақти охир машғули танфурӯшӣ будааст.

Дар натиҷаи байни зану шавҳар ҷангҷоли сахт бармехезад, ки баъдан бо дахолати кормандони пулис ба эътидол оварда мешавад.

Манбаъ: «Il Giornale Italiano»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *