Мард зани бародарашро бо корд зада кушт
Муҷибахон Зокирова, сокини шаҳри Исфара пас аз ҳамлаи бародари шавҳараш бо корд дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар шаҳри Исфара марде барои куштори ҳамсари бародар ба 14 соли зиндон маҳкум шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, Муҷибахон Зокирова, сокини шаҳри Исфара пас аз ҳамлаи бародари шавҳараш бо корд дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
«Зокиров Назирҷон Содиқович зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Исфара дар ҳолати мастӣ бо ҳамсари бародараш Зокирова Муҷибахон Аюбовна дар асоси муносибати оштинопазирии қалбӣ ҷанҷол шуда, бо корд ба қафаси синаи охирон задааст», — омадааст дар иттилои манбаъ.
Дар натиҷа Зокирова М.А. аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара ба ҳалокат расидааст. Прокурори шаҳри Исфара нисбати Зокирова Н.С. бо моддаи 110 қисми 3 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, пас аз анҷоми тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд ирсол карда мешавад.
Бо ҳукми суд Зокирова Н.С. гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ