Марде дар Русия Қуръонро сӯзонидааст (видео)

Як сокини Ҷумҳурии Автономии Кабардаю Балқари Русия талош кардааст дар масҷид чанд нусхаи Қуръонро сӯзонад. Ба гуфтаи худаш, садоҳое дар сараш ӯро ба ин кор водор кардаанд.

Ба гузориши “База”, як мард шаби 2-юми июл вориди масҷиди деҳаи “Чегеми дуюм” шудааст. Дар он ҷо чанд нусхаи Қуръонро ҷамъ карда, ба онҳо бензин пошида, оташ задааст. Аммо ҳозирини масҷид зуд оташро хомӯш кардаанд.

Тибқи махлумоти дарёфтӣ, мард боздошт шуда, ба полис гуфтааст, ки ин кори ӯ ягон тобиши мазҳабӣ надорад, аммо садоҳое дар сараш ба ӯ тавсия додаанд, ки ин корро анҷом диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *