Марде кӯдаки ҳамхонаашро аз ошёнаи 4-ум ба замин партофт
Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон мардеро боздошт карданд, ки дар натиҷаи баҳсе духтари чаҳорсолаи ҳамхонаашро аз ошёнаи 4-ум ба замин партофтааст.
Ба огаҳии Додситонии кулли Ӯзбекистон, В. К. — марди 41-сола ва сокини кӯчаи Шаҳриободи ноҳияи Мирзоулуғбек, ки доғи судӣ дорад, шаби 20 декабр ҳамроҳи ҳамхонааш — М.К. арақ нӯшида, бо ҳам баҳс кардаанд. Мард духтари занро аз ошёнаи 4-ум ба замин андохтааст, ки дар натиҷа кӯдак ба ҳалокат расидааст.
Додситонии ноҳияи Мирзоулуғбек роҷеъ ба ин ҳодиса бо банди «Куштори барқасдона» парванда боз кардааст.
В.К. боздошт шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ