Ҳоҷӣ Ғулом

Марде, ки 22 сол боз нон нахӯрдааст!

Ҳоҷӣ Ғулом Муродов зодаи ноҳияи Темурмалик буда, бинобар сабаби беморӣ ва бо тавсияи табибони беморхонаи “Қарияи Боло” аз соли 2001 (22 сол) инҷониб нон нахӯрдааст.

“Ин тарзи табобат саломатии маро муътадил нигоҳ медорад ва ман аллакай тӯли ин солҳо ба нахӯрдани нону як қисмати маҳсулоти нонӣ одат кардаам”,- мегӯяд Ғулом Муродов.

Ҳамзамон, ӯ ба беморони дорои фишорбаландӣ, сактаи дил ва беморони диабети қанд нахӯрдани маҳсулоти нониро тавсия медиҳад.

Ғулом Муродов собиқаи беш аз 40-солаи корӣ дорад. Ӯ дар солҳои 90-ум барои барқарор шудани сохти конститутсионӣ талошҳо кардааст. Нуктаҳои зиндагии ӯ дар китоби Ҷалолиддин  Сафарзод — “Ҷавонмарди асил” зикр шудааст.

Феълан, Ҳоҷӣ Ғулом Муродов 68-сола аст ва мегӯяд, ки шояд бо сабаби парҳез карданаш аз нон ва маҳсулоти нонӣ то ҳол сиҳату саломат зиндагии хешро идома дода истодааст.

Қурбоналии АБДУЛФАЙЁЗ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *