Марде ,ки маблағҳои хонаю корхонаро як кард
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 38-солаи сокини ноҳияи Варзоб аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир гардид.
Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда аз моҳи сентябри соли 2015 то моҳи августи соли 2016 дар корхонаи ҶДММ “Таджеро” кору фаъолият намуда, аз корхонаи мазкур маблағҳои ҷамъовардашударо азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Ба корхона ба маблағи 76000-сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ