Марде таҳдид кардааст, ки терминали “Шереметево”-ро метарконад
Марде ба фурудгоҳи “Шереметево” омадаву гуфтааст, ки бо худ бомба овардааст. “ТАСС” бо такя ба манбаи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст, ки ин мардро пулис дастгир кардааст.
— Ҳодиса дар даромадгоҳи яке аз терминалҳои бандари ҳавоӣ рух додааст. Пулис маълумотро дар бораи мавҷудияти маводи таркандаи номаълум тафтиш кардааст. Дар натиҷа, ягон маводи тарканда ё ашёи тарканда пайдо нашудааст,- иттилоъ медиҳад манбаъ.
Бино ба иттилои “Комсомолская правда”, нисбати ин мард тафтиш оғоз карда шудааст. Зикр мегардад, ки “Шереметево” ба таври муқаррарӣ кор карда истодааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ