Мардеро бо ҳамсари собиқаш дида кушт
Амали як марди 45-сола аз ноҳияи Восеъ, ки ҳамсари собиқашро бо як марди дигар дар лаби дарё ёфта, он мардро бо дастонаш буғӣ карда кушт, вокунишҳои гуногунеро ба бор овардааст. Бархе кори ин мардро дифоъ аз номус ва мардонагӣ хондаанд, вале гурӯҳи дигар мегӯянд, вақте мард занашро талоқ дод, дигар набояд монеи ҷустуҷӯи бахти нави ӯ шавад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 11 сентябр аз ошкор шудани як куштори ғайриоддӣ ва боздошти як марди 45-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят хабар дод. Бино ба гузориши вазорати дохила, ин мард рӯзи 29 июн соати тақрибан 18:30 дар лаби дарёи Сурхоб ҳамсари собиқи 39-солаашро дар дохили як мошини «Опел-Астра” бо як марди 36-солаи низ сокини ноҳияи Восеъ мебинад.
Бо марди дигаре ва он ҳам дар хилвате дар канори дарёву даруни мошин дидани зане, ки чанд сол бо ӯ дар як болин сар мондааст, дар қалби ин мард эҳсоси рашкро оташ зад ва «номбурда аз ҳиссиёти рашк оинаи дари автомашинаро зада шикаста, бо истифодаи зӯроварӣ ба собиқ ҳамсараш ҳамла кардааст.”
Зан аз тарс аз дохили мошин баромада, ба тарафи дарё меравад. Тарси ҷон чунон буд, ки зан бе ягон андеша худро ба дарё мезанад ва онро аз тарафи деҳаи С.Шариф гузашта, фирор мекунад.
Бо фирори зан ду марди рақиб – шавҳари собиқи он хонум ва ошиқи наваш – дар майдон танҳо ё ба истилоҳи роиҷ, якбаяк мемонанд. Вазорати дохила менависад, шавҳари собиқ, ки ҳамчунон дар ҳолати пур аз хашму ғазаб қарор дошт, «бо дастонаш роҳи нафаси марди 36-соларо, ки дар ҷойи нишасти ронанда ҳузур дошт, сахт зер карда, охиронро ба ҳалокат расонида, ҷасадашро ба дарёи «Сурхоб” партофтааст.”
Ҳоло ин марди бадрашк дар боздошт қарор дошта, ба зиддаш бар асоси қисми якуми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба вай бар асоси ин банди қонун ҳамчун муҷозот аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале агар тафтишот ба хулосае биояд, ки ин мард дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ даст ба куштор задааст, парвандаи вайро метавонанд ба моддаи 106 гардонанд, ки ҳукмаш сабуктар аст: «Одамкушӣ дар ҳолати ҳаяони сахти рўҳӣ (ҷунун), ки ногаҳон бо сабаби зўроварӣ, таҳқир ё дашноми қабеҳ ё рафтори дигари зиддиҳуқуқӣ ё бадахлоқонаи ҷабрдида, инчунин дар ҳолати давомдори харобкунандаи асаб бо сабаби рафтори мунтазами гайриқонунӣ ё рафтории бадахлоқонаи ҷабрдида ба вуҷуд омадааст,
– бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ин мўҳлат ҷазо дода мешавад.”
Баҳси ин хабар дар Интернет мардумро ба ду даста тақсим кардааст. Гурӯҳе (асосан мардон) кушторро маҳкум мекунанд, вале мегӯянд, ин мард ба дифоъ аз номусаш даст ба чунин кор задааст. Чанд нафар рафтори мардро мардонагӣ хонда, ситоиш ҳам кардаанд.
Вале гурӯҳи дигар (асосан занон) навиштаанд, ки вақте мард аз зани худ ҷудо мешавад, набояд дигар монеи талошҳои он зан барои пайдо кардани бахти наваш шавад.
Хабарнигори тоҷикҲарамгули Қодир аз ҷумла навиштааст: «Чаро собиқ шавҳар ба ҳамсари собиқ монеь мегардад? Мардони азиз носки барин ҳамсар иваз мекунанд, мо занҳо ҳеҷ чӣ гуфта наметавонем ва ҳатто намегӯем, вале чаро мардон мегӯянд, мекунанд…?(((”
Оишаи Муҳаммад низ дар ин масъала аз Ҳарамгул путибонӣ кардааст: «Як зарбулмасал аст. Дур нарав гург мехурат наздик наё дидаат наметавонам. Баъзе мардҳо ҳамин хел одат доранд вақте занҳо мехоҳанд канорашон бошанд оҳоро аҳамият намедиҳанд ҳато бидуни гуноҳи шаръи талоқ медиҳанд бо ҳар баҳона. Занҳо вақте,ки мехоҳанд оилаи нав барпо кунанд ҳамин мардҳо дубора аз пасашон мешаванд намегузоранд,ки осуда зиндаги кунанд. Ин аз рӯйи на ҷавонмардист на одамгарӣ.”
Аммо Ишони Вахёчӣ дар посух навиштааст, зани хушахлоқ бахти навашро дар даруни мошини як марди бегона ва дар хилватҷое дар лаби дарё намеҷӯяд.
Назари шумо чист, хонандагони азиз?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ