Марди қазоқ ҳамсарашро ба гарав гирифта, пули калон ва ҳавопаймо талаб кард
Зидди сокини шаҳри Уралски Қазоқистон, ки ҳамсари худро дар ҷои кораш шаш соат ба гарав гирифта буд, бо банди «Гаравгонгирӣ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Ба гуфтаи пулис, ин мард нисфирӯзӣ вориди коргоҳи ҳамсараш шуда, таҳдид кардааст, ки норинҷакеро ҳам хоҳад тарконд. Беш аз сад сокини бинои рақами 73, ки коргоҳи зан дар ошёнаи якуми он қарор дорад, ба ҷои амн кӯчонида шуданд.
Бо мард кормандони додситонӣ, пулис ва хадамоти махсус гуфтугӯ карданд ва то анҷоми он касе дар ин замина бо расонаҳо суҳбат накард.
Гаравгонгир, аз ҷумла пули калон ва ҳавопаймо талаб кардааст. Шоҳидон мегӯянд, кормандони пулис дар рафти гуфтугӯ ба ӯ тавассути тиреза шампан ва ширинӣ доданд. Дар Идораи пулиси Уралск ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд. Ба иттилои пулис, мард ҳангоми гаравгонгирӣ норинҷаки сохтаеро истифода кардааст, ки қаблан аз фурӯшгоҳи силоҳ харида буд.
Ин сокини Уралск, ки доғи судӣ дорад, боздошт ва зиддаш бо банди «Гаравгонгирӣ» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Зане, ки ба гарав гирифта шуда буд, ба беморхона интиқол ёфтааст. Ӯ аз пои чапаш захми корд бардоштааст. Дар Идораи пулиси Уралск сабаби сар задани ҳодисаро «мушкили маишии хонаводагӣ» номиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ