Марди 32 сола- дар меҳмонӣ кушта шуд
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, рӯзи якшанбе, 20-уми август дар шаҳри Хуҷанд ҷинояти куштор ба қайд гирифта шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД ҳодиса шабона соати 1:45 дақиқа дар хонаи зани 34-сола, сокини шаҳри Хуҷанд рух додааст: “Муайян карда шуд, ки марди 32-сола, сокини шаҳри Хуҷанд тахминан соати 01:45-дақиқа, дар хонаи истиқоматии ҷавонзан, дар ҳолати сархушӣ бо марди 32-сола, сокини маҳаллаи Чашма ҷанҷол карда, ӯро латукӯб намудааст. Дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
ВКД афзуд, ки феълан муттаҳам боздошт шуда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ