Марди 44- сола бо санги бетонӣ роҳгузарро зада кушт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 44- солаи ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ бо иттиҳоми куштори як сокини пойтахт хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда 18 апрели соли равон, тахминан соатҳои 22 ба 23:00-и шаб, дар назди тарабхонаи “Коинот”, воқеъ дар кӯчаи Сомониёни маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳолати мастӣ бо марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе муноқиша намуда, карда, ба қисмати рӯи ӯ як мушт мезанад: “Дар пайи зарба, ҷабрдида бо сараш ба санги бетонӣ зада, аз ҷароҳати бардоштааш, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.

Вазорат мегӯяд, аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *