Мард зану фарзандашро бо табар кушт, худро оташ зад

Як марди сокини Намангони Ӯзбекистон бо табар  ҳамсару фарзандонашро кушта, пасон худро оташ задааст, хабар медиҳад додситини кулли Ӯзбекистон.

Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад:

«Дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон марде бо табар ба ҳамсар ва се духтараш ҳамла карда, худро оташ зад. Аз ҷароҳатҳои бардошта ҳамсар ва фарзанди хурдии хонавода фавтиданд”

Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса баъд аз нисфирӯзи 13 июн рух додааст. Марди 44-солаи намангонӣ баъди ҷанҷоли лафзӣ бо ҳамсараш бо табар ӯро задааст. Ҳамсар дар ҷои ҳодиса фавтидааст.

Мард баъд аз қатли ҳамсараш ба духтарони ноболиғаш ҳамла кардааст. Дар натиҷа духтари соли таваллудаш 2020 низ фавтидааст. Ду духтари дигари вай тавонистаанд, ки ба манзили ҳамсоя фирор кунанд.

Баъди ин ҳодиса мард худро оташ зада, дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *