Марди далла ба даст афтод
Бино ба иттилои ВКД, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Конибодом ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 32-солаи сокини шаҳри мазкурро бо гумони даллагӣ дастгир намуданд.
Номбурда, санаи 31-уми декабри соли 2017, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар назди майдончаи истгоҳи роҳи оҳани ш.Конибодом барои алоқаи ҷинсӣ намудан зани 38-сола ва марди 43-солаи сокинони ҳамин шаҳрро бо ҳам шинос карда, аз онҳо 250-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамин тариқ, номбурда санаи 31-уми декабри соли 2017, тахминан соати 21:30-дақиқа дар назди майдончаи истгоҳи роҳи оҳани ш.Конибодом барои алоқаи ҷинсӣ намудан зани 29-солаи сокини шаҳри мазкур ва марди 44-солаи сокини шаҳри Исфараро бо ҳам шинос карда, аз онҳо 250-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ