Марди думдор

Шаҳри Алипурдуари кишвари Ҳиндустон макони зиёрати аксари сокинони Банголия гаштааст. Дар ин шаҳрак марде зиндагӣ мекунад, ки думи 37 сантиметра дорад. Сокинони шазри Алипурдуар ба ин марди 35-сола, ки Чандра Ораон ном дорад, эътиқоди зиёд доранд. Аз пушти ин марди ҳинду думи 36,83 сантиметра овезон аст. Мардум муътақиданд, ки марди думдор таҷассумгари бути ҳиндуҳо Хануман аст. Аксари касоне, ки ӯро дидаанд, қобилияти бемалол дар болои дарахтон гаштани Чандраро бо думаш тавъам медонанд. Зиёраткунандагон бо мақсади шифоёбӣ ё гирифтани дуои нек рӯзи дароз навбат мепоянд, то ки ба думи 37 сантиметраи ин мард даст расонанд.  Табибон думи пашмини марди ҳиндуро ноқисии ҷисмонӣ шуморида, ба Чандра пешниҳоди аз он халос шуданро намуданд, вале «Хануман» ин пешниҳодро рад намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *