Марди муштзӯр панҷ сол ҳукм гирифт
Баротов Комилбойи ба ҷанҷолу муноқиша одаткарда борҳо ҳамсараш Баротова Мастонаро латукӯб карда ҷароҳатҳои сабуку миёна ба саломатияш расонидааст. Ба гуфти ҳамсараш аксар вақт дар наздикии хонаву саҳни ҳавлӣ ҷанҷолу хархаша карда ба ҳамсояҳои кинои бепул нишон медодааст.
Яке аз он саҳнаҳоро 11 январи соли 2014 дар назикии хонаи истиқоматияш воқеъ дар ноҳияи Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ҳайдар усмон, кӯчаи Фахрӣ, хонаи №80 нишон додааст. Ҳамон сана низ ягон асос барои муноқиша кардану ҳамсарро латукуб кардан нашудааст, аммо “дили одаткарда балои ҷон” гуфтагӣ барин Комилбой ҳамсараш-Мастонаро чунон латукуби зиёд мекунад, ки зан бо мадади ҳаққу ҳамсояҳо базӯр аз таги чанги ӯ халос мехӯрад.
Хулоса ин мард аз соли 14 то 2018 ҳамеша зану фарзандонашро латукӯб ва зери хушунати сахти оилавӣ қарор медод. Комилбой, ки зану фарзандонро латукуб кардан ва ба саломатияшон зарар расониданро кори доимии худ мешуморид 12 январи соли 2018 боз занашро зери мушту лагад мегирад. Ин навбати зани бечора бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона меафтад. Дар натиҷаи гузаронидани экспертизаи тиббӣ-судӣ маълум шудааст, ки Баротова Мастона ҷароҳатҳои осеби пӯшидаи косахонаи сар, латмаи майнаи сар, лати бофтаҳои фарқу чакка бардоштааст…
Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” мутола намоед
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ