Марди пешсудшуда бародарашро корд зад

Марди 42-солаи сокини ноҳияи Истаравшан, ки пештар низ доғи судди дошт бародарашро бо корд захми кард. Дар  ин бора дафтари матбуоти ВКД хабар медиҳад.

Бино ба иттило манбаъ рӯзи 7-уми апрели соли 2020, тахминан соатҳои 21:20-дақиқа, гумонбари ҳодиса марди 42-сола бо бародараш марди 41-сола, машрубот истеъмол намуда, баъди сархӯш шудан байнашон ҷангу ҷанҷол ба амал меояд. Аз сари қаҳру ғазаб якумин бо корди хоҷагӣ як маротиба ба тарафи рости гардани бародараш зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. 

Дар натиҷа, бародараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *