Марди умед. Петр Сегрт кист?
Баъди сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон таъйин шудани Петр Сегрти хорватӣ дар таърихи футболи тоҷик таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуҷуд омад. Бори нахуст кишвари мо дар Ҷоми Осиё то ба марҳилаи 4\1 финал расид, гарчанде идомаи роҳ ғайриимкон шуд…
Хотимаи футболбозӣ
Петр Сегрт соли 1966 дар Дурдевач (Хорватия) таваллуд шудааст. Волидони ӯ дар соли 1970 ба Олмон муҳоҷират кардаанд. Петр фаъолияти худро ҳамчун ҳимоятгар дар тими олмонии “Калв” оғоз карда, дар бошгоҳҳои Плоксинген, Швайхайм, Алмерсбах ва Валдорф идома дод. Вале ҷароҳати зону ба фаъолияти футболбозии ӯ нуқта гузошт. Пас аз ин, ӯ дар курси тренерии УЕФА таҳсил карда, фаъолияти мураббигии худро оғоз кард.
Меъмор
Сегрт аввалин таҷрибаи мураббигии худро дар “Калв” ба даст овард ва дар дастаҳои камовозаи “Боксум II”, “Дуйсбург II” ва “Валдхоф” ба ҳайси ёвари мураббӣ кор кард. Бо шарофати таҷрибаи 14-солаи худ дар ин дастаҳо чандин бозигарони ҷавонро тарбият ва роҳнамоӣ кард. Онҳо ба ӯ лақаби «Меъмор»-ро дода буданд.
Соли 2006 Сегрт вазифаи мураббигии тими миллии Гурҷистонро ба дӯш гирифта, ба ҳайси ёвари сармураббии маъруф Клаус Топмюллер кор кард.
Петр Сегрт дар Индонезия
Соли 2009 Ассотсиатсияи футболи Олмон Петр Сегртро ба қатори довталабон ба вазифаи мураббии тими то 21-сола шомил кард. Соли 2010 ӯро ба Индонезия даъват карданд, то ба дастаи навтаъсиси “Бали Девата” мураббӣ шавад.
Пас аз як сол ӯ аллакай сармураббии клуби “PSM Makassar” таъин шуд ва ба ташкили дастаи ҷавонон шуруъ кард. Пас аз як мавсим аз бошгоҳи ӯ 6 нафар ба тими миллии Индонезия ва 4 нафари дигар ба тими мунтахаби ҷавонони то 23-сола даъват шуданд.
Роҳбарияти клуб ба ӯ пешниҳод карданд, ки шартномаашро то 5 соли дигар тамдид кунад, вале ӯ соли 2013 клубро тарк кард.
Наҷотдиҳанда
Хорватиягӣ баъдан дар бошгоҳи “Звезда” дар Лигаи Премерии Босния ва Ҳерсеговина кор кард. Моҳи ноябри соли 2015 Федератсияи футболи Афғонистон аз таъини Сегрт ба вазифаи сармураббӣ хабар дод. Мутахассиси хорватӣ ваъда дод, ки таҷриба ва маҳорати худро барои рушди футболи Афғонистон ба кор хоҳад бурд.
Дар натиҷа, мураббӣ аз ҳашт бозии расмӣ бо Афғонистон дар шаштоаш, аз ҷумла дар чаҳор бозии Ҷоми Осиёи Ҷанубӣ пирӯз шуд ва ба финал баромад ва дар он аз Ҳиндустон бо ҳисоби 2:1 шикаст хӯрд. Дар Афғонистон ӯ лақаби «Марди умед» ва «Наҷотдиҳанда»-ро гирифтааст. Аммо бо вуҷуди натиҷаҳои хеле хуб, Федератсияи Афғонистон ғайричашмдошт бо ӯ видоъ гуфт.
7:0 дар 288 рӯз
Вай муддати дароз бекор намонд. Моҳи марти соли 2018 Ассотсиатсияи футболи Молдив бо Сегрт шартномаи дусола ба имзо расонд. Дастаи нав таҳти роҳбарии мураббии хорватӣ дар нахустин бозии расмии худ бар Бутан бо ҳисоби 7:0 пирӯз шуд. Ин аввалин пирӯзии Молдив дар 288 рӯз буд.
Моҳи сентябри соли 2018 Молдив дар Ҷоми Осиёи Ҷанубӣ, ки аз ҷониби Бангладеш ташкил карда шуда буд, як намоиши ҳассос нишон дода, соҳиби ҷоизаи олӣ гардид. Ҷолиб он аст, ки дар финал ба Сегрт муяссар шуд, ки фаворити мусобиқот — Ҳиндустонро, ки дар мусобиқаи қаблӣ бар Афғонистон пирӯз шуда буд, мағлуб кунад.
Петр Сегрт дар Тоҷикистон
Соли 2020 Петр Сегрт шартномаашро бо тими миллии Молдив бо розигии тарафайн қатъ кард. Ду сол бекор буд. 27-уми январи соли 2022 Федератсияи футболи Тоҷикистон Петр Сегртро сармураббии нави тими миллии кишвар эълон кард.
Ва инак, бо гузашти тақрибан ду сол, бо роҳбарии ӯ мунтахаби Тоҷикистон ба муваффақияти таърихӣ ноил гардид ва барои аввалин бор ба даври чорякфиналии Ҷоми Осиё-2023/24 роҳ ёфт.
Тавре худи ӯ дар нишасти матбуотӣ пас аз бозӣ бо Имороти Муттаҳидаи Араб изҳор дошт, тими миллии Тоҷикистон ҳоло дар роҳи амалӣ кардани орзуҳои нав қарор дорад…
Сумани УБАЙДУЛЛО
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ