Марди зинокорро сангсор намуданд (Видео)

Дар Интернет видеои сангсори як марди афғони муттаҳам ба зино ҳамаро ба даҳшат овард. Дар видео дида мешавад, ки як издиҳоми бузург ин мардро сангборон мекунанд ва ӯ бо дастонаш сарашро пӯшонда, аз дард нолаву фарёд мекунад. Қонунгузории Афғонистон сангсорро манъ кардааст, вале дар минтақаҳои таҳти назорати ҷангҷӯён ин ҳукм зиёд истифода мешавад.

Дар куҷо сабт шудани ин навор рӯшан нест, вале гуфта мешавад, ки издиҳом ҳукми қозии ҷунбиши Толибон ба сангсори як марди маҳаллиро иҷро мекунад. Ин мард ба робитаи номашрӯъ бо як духтари ҷавон айбдор дониста шудааст. Гуфта мешавад, ки ҳамсараш ин мардро ба хиёнат айбдор карда, ҳамчун зинокор ба дасти қозӣ супурдааст.

Қонунгузории расмии Афғонистон сангсор ва дигар ҷазоҳои бозмонда аз асрҳои миёнаро манъ кардааст. Вале дар минтақаҳое, ки таҳти назорати Толибон қарор доранд, қозиёни худхондае, ки аз тарафи ин ҷунбиши чирикӣ таъйин мешаванд, дар додгоҳҳои ба ном «шариатӣ” аз ҷазоҳое, чун сангсор ва ҳатто буридани даст истифода мебаранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *