Мардони «сабукпо”-ро ҷазо медиҳанд

Вазорати адлияи Ӯзбекистон тарҳи тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро таҳия кардааст, ки муҷозоти мардон барои истифода аз хидмати танфурӯшонро пешбинӣ мекунад. Бар асоси ин тарҳи қонун, мардоне, ки дар фоҳишахонаҳо дастгир мешаванд, ба маблағи як маоши ҳадди ақал, ё тақрибан 20 доллар ҷарима баста хоҳанд шуд. Дар Тоҷикистон низ пешниҳод доранд, ки мардони «сабукпо” дар баробари занони танфурӯш ҷазо дода шаванд.

Ӯзбекистон зоҳиран дар Шӯравии собиқ нахустин кишваре хоҳад шуд, ки муҷозоти мардон барои истифода аз хидмати фоҳишахонаҳоро қонунӣ хоҳад кард.

Вазорати адлияи Ӯзбекистон тарҳи тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро нашр кардааст. Бар асоси банди 190, прим 1-и ин тарҳи тағйирот, барои мардоне ки дар фоҳишахонаҳо ба даст меафтанд, муҷозоти маъмурӣ дар шакли ҷарима пешбинӣ шудааст: 

«2) Моддаи 1901бо ин илова такмил карда шавад:

Истифода аз фоҳишахонаҳо бо мақсади қонеъ сохтани эҳтиёҷоти шаҳвонӣ –

Ҷарима ба маблағи як маоши ҳадди ақалро дар пай дорад.”

2) дополнитьстатьей 1901следующего содержания:

«Статья 1901. Посещение притонов разврата

Посещение притонов разврата с целью удовлетворения половой потребности –

влечет наложение штрафа в сумме одного минимального размера заработной платы.»;

Маоши ҳадди ақал дар Ӯзбекистон дар ҳоли ҳозир ба 172 ҳазору 240 сӯм баробар аст. Ин бо қурби расмии он кишвар чизе бештар аз 20 долларро ташкил медиҳад.

Бар асоси тарҳи тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ӯзбекистон, ки дар сомонаи давлатии ҳуқуқии ин кишвар нашр шудааст, ҳамчунин мардону заноне, ки дар фоҳишахонаҳо ба даст меафтанд, бояд маҷбуран аз муоинаи тиббӣ низ бигузаранд:

«6) моддаи 309 бо қисми панҷум бо чунин мазмун такмил карда шавад:

«Ҳангоми баррасии масъалаи истифодаи чораҳои тиббӣ аз ҷониби додгоҳи маъмурӣ, ҳамзамон масъалаи анҷоми муоинаи тиббии маҷбурӣ ҷиҳати ташхиси бемориҳои зӯҳравӣ ва дар сурати ташхиси бемориҳои зӯҳравӣ дар шароити бемористон табобат кардани онҳое, ки нисбаташон ҷазои маъмурӣ андешида шудааст, ҳалуфасл мешавад.”

6) встатье 309:

дополнитьчастью пятойследующего содержания:

«При решении вопроса о применении мер медицинского характера административным судом, одновременно решается вопрос о проведении принудительного обследования на наличие венерических заболеваний и стационарном лечении при выявлении венерических заболеваний у лиц, в отношении которых применено административное взыскание.»;

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *