Мардони тоҷик ҷонибдори баробарии гендерӣ ҳастанд!

Дар меҳмонхонаи “Ҳайат Реҷенсӣ дар шаҳри Душанбе” маросими ҷоизасупории озмуни видеоролкиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки бахшида ба “16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат ва Рӯзи ҳуқуқи инсон”, зери унвони «Мо ҷонибдори баробарии гендерӣ» баргузор гардид.

3_2

Дар бахши аввали ин чорабинӣ бо иштироки чеҳраҳои шинохтаи тоҷик аз миёни мардон Субҳон Ҷалилов рӯзноманигор, Хушқадам Хусравов варзишгари тоҷик, Ҷаҳонгир Зарипов сароянда ва сафири озмуни мазкур ва Зоир Кузиев, коргардони театр вобаста ба пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила мубоҳисаи панелиро анҷом доданд. Ҳар як иштирокчии ин бахш бо маҳорату касби хеш, масалан, бо суруд, саҳнаҳои театрӣ, варзиш ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ тавонистааст, ки хушунатро дар оилаҳои тоҷик то андозае барҳам диҳад.

Ҳамчунин дар ин чорабинӣ намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ дар кишвар, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, рӯзноманигорон ва дигар меҳмонони олиқадр ширкат доштанд.

1_4

Абдуллозода Умеда, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ дар суханронии хеш аз омилҳои пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оилаи тоҷик ибрози назар кард.

Сезин Синаноглу, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар баромадаш дар ин масъалаи муҳим изҳори назар карда гуфт, ки зӯровари нисбати занону духтарон дар саросари ҷаҳон рух медиҳад ва Тоҷикистон низ аз он истисно нест. Дар як тадқиқоте, ки соли 2017 дар Тоҷикистон гузаронида шуд, аз се зан як зан мавриди зӯроварӣ қарор мегирад. Бовар дорам, ки ҳар яки шумо онҳоро мебинем ва онҳо дар байни мову шумо қарор доранду ба кумак низманд ҳастанд.

Бо ин мақсад ҳамасола рӯзи 25-ноябр садои худро баланд мекунем ва ин задои ҳамаи занонест, ки мавриди зӯровари қарор мегиранд ва бояд садои онҳо шунида шавад.

Уилям Линдберг Раҳбари барномаҳои намояндагии Иттиҳоди Аврупо сабаби ҷамъ омаданро шарҳ дода гуфт, ки дар ин рӯз, ки барои додани ҷоиза ба ғолибоне, ки барои пойдории баробарии гендерӣ, ки бо ташабусси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва СММ “Нури рушноӣ” эълон гардида буд, саҳми худро гузошанду қадрдонӣ гардиданд, ҷамъ омадем. Дар нақшаи Иттиҳоди Аврупо омадааст, ки то соли 2025 80 дарсади кушиш ва талошҳояш дар самти баробарии гендерӣ равона мегардад, ки бояд ҳама яқҷоя дар он саҳм дошта бошанд. Дар баробари ин кушишҳо, Тоҷикистон низ истисно нест ва дар тамоми ҷанбаҳо мо дар ҳамкории зич ҳастем ва дастгирии хешро мерасонем, гуфт номбурда

2_4

Зӯроварӣ ва хушунат дар хонавода мушкилии на танҳо Тоҷикистон буда, дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ба назар мерасад. Бо Ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Миллали Муттаҳид барои барҳам додани зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон бо номи Ташаббуси «Нури рӯшноӣ дар Тоҷикистон» аз рӯи панҷ номинатсия имкониятҳои баробар-роҳ ба сӯйи муваффақият, дар канор набошед, падари ман — такягоҳи ман, расму оинҳоро якҷоя месозем, интихоби мардум озмун эълон гардида буд, ки ба он зиёда аз 50 видеороликҳо ворид гашт ва аз миёни онҳо панҷ видеои беҳтарин интихоб гашта, ғолион бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар номинатисияи “Интихоби мардум» Меҳроншоҳ Усмонзода, дар номинатсияи «Дар канор набошед!» Шамшод Бурҳонов, дар номинатсияи «Падари ман — такягоҳи ман» Муҳайе Саидова ва Эраҷ Каҳҳорӣ, дар номинатсияи «Расму оинҳоро якҷоя месозем» Дремова Виктория ва дар номинатсияи «Имкониятҳои баробар-роҳ ба сӯйи муваффақият» Заррин Мухторзода ғолиб интихоб гардида, бо диплом ва туҳфа қадрдонӣ карда шуданд.

Мардони тоҷик ҷонибдори баробарии гендерӣ ҳастанд!

Дар меҳмонхонаи “Ҳайат Реҷенсӣ дар шаҳри Душанбе” маросими ҷоизасупории озмуни видеоролкиҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки бахшида ба “16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат ва Рӯзи ҳуқуқи инсон”, зери унвони “«Мо ҷонибдори баробарии гендерӣ» баргузор гардид. Дар бахши аввалин ин чорабинӣ бо иштироки чеҳраҳои шинохтаи тоҷик аз миёни мардон Субҳон Ҷалилов рӯзноманигор, Хушқадам Хусравов варзишгари тоҷик, Ҷаҳонгир Зарипов сароянда ва сафири озмуни мазкур ва Зоир Кузиев, коргардони театр вобаста ба пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила мубоҳисаи панелиро анҷом доданд. Ҳар як иштирокчии ин бахш бо маҳорату касби хеш, масалан, бо суруд, саҳнаҳои театрӣ, варзиш ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ тавонистааст, ки хушунатро дар оилаҳои тоҷик то андозае барҳам диҳад.

Ҳамчунин дар ин чорабинӣ намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ дар кишвар, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, рӯзноманигорон ва дигар меҳмонони олиқадр ширкат доштанд.

Абдуллозода Умеда, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ дар суханронии хеш аз омилҳои пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оилаи тоҷик ибрози назар кард.

Сезин Синаноглу, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар баромадаш дар ин масъалаи муҳим изҳори назар карда гуфт, ки зӯровари нисбати занону духтарон дар саросари ҷаҳон рух медиҳад ва Тоҷикистон низ аз он истисно нест. Дар як тадқиқоте, ки соли 2017 дар Тоҷикистон гузаронида шуд, аз се зан як зан мавриди зӯроварӣ қарор мегирад. Бовар дорам, ки ҳар яки шумо онҳоро мебинем ва онҳо дар байни мову шумо қарор доранду ба кумак низманд ҳастанд. Бо ин мақсад ҳамасола рӯзи 25-ноябр садои худро баланд мекунем ва ин задои ҳамаи занонест, ки мавриди зӯровари қарор мегиранд ва бояд садои онҳо шунида шавад.

….Намояндаи Иттиҳоди Аврупо сабабҳои ҷамъ гирд омаданро шарҳ дода гуфт, ки дар ин рӯз, ки барои додани ҷоиза ба ғолибоне, ки барои пойдории баробарии гендерӣ, ки бо ташабусси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва СММ “Нури рушноӣ” эълон гардида буд, саҳми худро гузошанду қадрдонӣ гардиданд, ҷамъ омадем. Дар нақшаи Иттиҳоди Аврупо омадааст, ки то соли 2025 80 дарсади кушиш ва талошҳояш дар самти баробарии гендерӣ равона мегардад, ки бояд ҳама яқҷоя дар он саҳм дошта бошанд. Дар баробари ин кушишҳо, Тоҷикистон низ истисно нест ва дар тамоми ҷанбаҳо мо дар ҳамкории зич ҳастем ва дастгирии хешро мерасонем, гуфт номбурда

Зӯроварӣ ва хушунат дар хонавода мушкилии на танҳо Тоҷикистон буда, дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ба назар мерасад. Бо Ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Миллали Муттаҳид барои барҳам додани зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон бо номи Ташаббуси «Нури рӯшноӣ дар Тоҷикистон» аз рӯи панҷ номинатсия имкониятҳои баробар-роҳ ба сӯйи муваффақият, дар канор набошед, падари ман — такягоҳи ман, расму оинҳоро якҷоя месозем, интихоби мардум озмун эълон гардида буд, ки ба он зиёда аз 50 видеороликҳо ворид гашт ва аз миёни онҳо панҷ видеои беҳтарин интихоб гашта, ғолион бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

4_3

Дар номинатисияи “Интихоби мардум» Меҳроншоҳ Усмонзода, дар номинатсияи «Дар канор набошед!» Шамшод Бурҳонов, дар номинатсияи «Падари ман — такягоҳи ман» Муҳайе Саидова ва Эраҷ Каҳҳорӣ, дар номинатсияи «Расму оинҳоро якҷоя месозем» Дремова Виктория ва дар номинатсияи «Имкониятҳои баробар-роҳ ба сӯйи муваффақият» Заррин Мухторзода ғолиб интихоб гардида, бо диплом ва туҳфа қадрдонӣ карда шуданд.

5_1

Маҳинаи ДАВЛАТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *