Мардони то 30-сола ҳаққи сафар ба хориҷаро надоранд

Дар Туркманистон мардоне, ки камтар аз 30 сол доранд, аз сафар кардан ба хориҷ маҳрум шуданд. Дар ин бора як манбаъ бо такя ба Хадамоти муҳоҷирати вилояти Дашоғуси ин кишвар иттилоъ дод.

Ба иттило манбаъ, ин тасмим ба хотири таъмини амнияти сокинон рӯи даст гирифта шудааст.

«Як дӯсти 27-солаи маро, ки нияти ба хориҷ рафтанро дошт, ба хадамоти муҳоҷирати минатқавӣ даъват карда, билеташро аз дасташ гирифтанд. Ба вай гуфтанд, ки бар асоси фармони нав, мардони то 30-сола ба хориҷ аз кишвар рафта наметавонанд», — гуфт манбаъ аз вилояти Дашоғус.

Ба гуфтаи вай, ба чанд ҷавон харҷи билетҳояшонро баргардонидаанд.

Давоми чанд моҳи охир ҳолатҳои монеъ шудан ба сафари сокинон ба хориҷи кишвар дар Туркманистон борҳо мушоҳида шуд. Шаҳрвандони ин кишвар ба хусус аз сафар кардан ба Туркия манъ мешаванд. Ҳамчунин мақомоти Туркманистон давоми моҳҳои охир талош кард, ки мардикорон ва донишҷӯёни туркманро аз хориҷ баргардонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *