Мардум вақт надоранд… Консерти Нигинаву Фирӯза моҳи май баргузор намешавад!
Барномаи консерти овозхонҳои шинохтаи Тоҷикистону Ӯзбекистон Фирӯза Ҷуманиёзова, Нигина Амонқулова, Зиёвиддини Нурзод ва Сурайё Абдуллоева дар шаҳри Панҷакент бекор шудааст. Қаблан эълонии баргузории консерти ин овозхонҳо ин дар маркази шаҳр насб ва ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд.
Мақомоти шаҳри Панҷакент сабаби манъ шудани консертҳоро “халал” нарасонидан ба “корҳои саҳроӣ” номидаанд.
Манучеҳр Ҷумъаев, продюсер ва ташкилкунандаи барномаи консертии Фирӯза Ҷумъаниёзова ба “Озодӣ” гуфтааст, ки дар охирин лаҳза аз мақомот чунин дастур гирифтаанд. Қарор буд, ин барнома рӯзи 9-уми май дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент баргузор шавад. “Ҳоло ҳамаи чиптаҳои фурӯхтаамонро баргардонида истодаам,”-афзуд Ҷумъаев.
Айни чунин барномаи консертии Зиёвиддини Нурзод рӯзи 7-уми май ва овозхони дигар бо номи Сурайё Абдуллоева рӯзи 8-уми май дар Кохи фарҳанги ин шаҳр баргузор нашуд. Зиёвиддин дар суҳбати кутоҳи телефонӣ гуфт, ки “ҳамроҳи мутрибон омодагӣ гирифта будем ва пеш аз сафар ба Панҷакент аз манъи баргузории консертамон огоҳ шудем. Ман танҳо даъватӣ будам ва корҳои ташкилӣ ба души дигарон буд”.
Ширинёд Амонпур, ташкилкунандаи барномаи консертии Зиёвиддин ҳам мегӯяд, масъулони Кохи Фарҳанги шаҳр дархост карданд, ки ин барномаҳоро ба моҳи дигар гузаронанд. Зарнигор Қиёмова, мудири Кохи фарҳанги шаҳр гуфт, ки баргузор нашудани ҳамаи ин барномаҳо ба “кори деҳқонон” рабт дорад.
Барномаи консертии Нигина Амонқулова 23-уми май дар варзишгоҳи шаҳр баргузор намешавад. Хусрав Амонқулов, мудири шӯъбаи фарҳанги шаҳри Панҷакент ва бародари Нигина Амонқулова аз шарҳи бештари ин мавзӯъ худдорӣ кардааст.
Аммо Санъат Тоҳирзода, роҳбари Дастгоҳи шаҳри Панҷакент гуфт, “азбаски ҳамин моҳ дар шаҳри Панҷакент киштукори баҳорӣ ҷараён дорад, аксари ин барномаҳоро хоҳиш кардем, ки ба моҳи дигар гузаронанд. Бе ин ҳам моҳи май чорабиниҳои давлативу ҳукуматӣ зиёданд ва мардум вақт намеёбанд, ки дар аксари он иштирок кунанд. Аз 5-уми июн баргузории чунин барномаҳоро иҷоза додаем”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ