Мардуми коргурез. Себи хушбӯи Муъминобод куҷо шуд?
Чаро мардуми меҳнатқарини ноҳияи Муъминобод, ки чанде пештар деҳқонони асил буданд, заминҳои киштро партофта, якборагӣ рӯй ба пойтахт овардаанд, то ки қути лоямут пайдо кунанд? Чаро заминҳои тахту ҳамвори ноҳия кишт шуда, самаранок истифода намешавад? Айб дар ош аст ё дар мош?
Фирор ба пойтахт
Мардуми бекори марказдав, ки аз ноилоҷӣ барои ҷустуҷӯи қути лоямут ба пойтахт омадаанд, омодаанд, ки ҳатто вориди «дузах» шаванд, ё бори сангинтар аз вазни худро ба душ гиранд ва ё зиёда аз меъёр кор кунанд, то аҳли байти худро таъмин намоянд. Ҳол он ки дар ҳудуди ноҳияи Муъминобод даҳҳо гектар замин самаранок истифода намешавад.
Ин ҷо сухан дар атрофи заминҳои талу тепа намеравад ва зикр намекунам, ки буқаҳои омочкаши мардумӣ чи гуна он талу тепаҳоро ҷуфт кардаву, мардум саросар аз онҳо самаранок истифода мебурданд, балки баҳс дар атрофии заминҳои тахту ҳамвор аст! Заминҳое, ки солҳои сол мардуми шарифи Муъминободро бо полезиҳою сабзавоти тару тоза таъмин мекард ва ҳатто илова бар эҳтиёҷот берун аз марзи ноҳия ба фурӯш бароварда мешуд, имрӯз ба харобазор табдил ёфтааст. Магар мардуми ноҳия коргурез шудаанд, ё соҳаи хоҷагии қишлоқ барояшон бегона шудааст? Ё бою бадавлат гаштаанд, ки аз ин заминҳо истифода бурданро ба худ раво намедоранд? Чи шудааст ба ин мардум, ки аз замин руй тофтаанд?
Фикр мекунам, гап дар сари мардуми одӣ ва заҳматкаш нест, балки дар сари соҳибкорони заминдор аст! Замин дар дасти шахсоне мебошад, ки на парвои тақдири мардумро доранду, на ғами шиками гуруснаву тани урёни фарзандони онҳову, на парвои замин, чун шиками худашон серу танашон пӯшида ва ба фарзандонашон беҳтар аз беҳтаринхоро қудрати харидорӣ доранд!
Замин дар дасти кист?
Бо яке аз заминдорон, ки худро Саид муаррифӣ карду аз нақли худаш соҳиби чандин гектар замин будааст, ҳамсуҳбат шудам. Аз нақли вай бармеояд, ки безаҳматтарин роҳи истифодаи замин ин кишти алаф будааст. “Дар як сол як маротиба ба даравгарон маош медиҳӣ, даравида ба коҳдонҳо захира карда медиҳанд, вассалом! Алаф, ки асосан барои хӯроки чорво истифода мешавад, барои ҳамин 18-20 сар гов парвариш кардан басанда аст, ки ҳам ба манфиати худ истифода барӣ, ва ҳам андозу боҷи давлатиро бемамониат супорида тавонӣ” – мегӯяд ӯ.
Ба саволи «чаро ғами мардуми бечораро, ки асосан ҳаммаҳаллаҳо ва хешу ақрабоятон ҳастанду сарсону саргардон дар Душанбешаҳр мардикорӣ карда, музди ночиз ба даст меоранд, намехӯред?» — ҷавоб дод, ки гӯё ризқи онҳоро Худо чунин додаву аз дасти вай чизе намеомада бошад.
“Чи мардуми беандешае ҳастед, шиками худатон, ки сер шуд, на ғами дӯст ба ёдатон расаду на ғами бандагони Худо, Шумо золимпарваред” — аз дил гузаронидам.
Себу ангури Муъминобод куҷо шуд?
Аз ҳавзи «Кабуд» (гоҳо азбаски дар назди деҳаи Душанбеча воқеъ аст, ҳавзро низ бо ин ном мегиранд) имрӯзҳо ба ҷуз шиноварону кӯдакон, ки дар фасли гармо аз тамоми гӯшаю канори ноҳия ва ҳатто берун аз он барои оббозӣ меоянд, қариб дигар касе истифода намебаранд. Қубурҳои дохилӣ аз беистифодагиашон шояд кайҳо корношоям шуда бошанд. Магар ин ҳама сарф, ки миллионҳо сомониро ташкил мекунанд, барои ба боди фано додан буд? Дуруст аст, ки ин обанбор дар вақти норасоии об ҳангоми танқиси дигар ноҳияҳои ҳамсояро низ бо об таъмин карда, заминҳои киштро аз нобудшави нигоҳ медорад, вале чаро мутахассисони ноҳияи Мӯъминобод сари ин масъала майна об намекунанд, зеро дар хочагиҳои собиқ «Мичурин» ва «Бӯстон» норасоӣ ва ё сари вақт нарасидани обро баҳона пеш меоваранд.
Себи Муъминобод, ки дар лаззат ҳамто надошт ва берун аз чумҳурӣ низ бо таъмаш шуҳрат дошт, имрӯз қариб аз байн рафтааст, гӯям бовар мекунед? Имрӯзҳо мардуми Муъминобод аз дигар минтақаҳо барои таъмини эҳтиёҷи худ себ харидорӣ мекунанд! Онҳо кайҳост, ки себи хушбӯйи маҳалашонро фаромӯш кардаанд. Себзори як замон ободу зебои ноҳия аз беаҳмиятии хоҷагии ҷангал ҳамарӯза тӯъмаи “ҳезумбизнесҳо” мешавад.! Ангурзорро чӣ мегӯед? На ягон сутуни байни қаторҳо боқӣ мондаасту, на симҳо, ки дар вақташ буттаҳои ангурро ба боло бардошта мебастанду ангурро аз талафшави нигоҳ медоштанд, ҳама буттаҳо дар замин ва гову гӯсфандон дар чаро! Магар аз ангурзоре ки ба чарогоҳ табдил ёфта бошад ҳосиле ба даст овардан мумкин аст?
Чаро касе дар ғами мардум нест? Ин сарсонӣ боз чи қадар давом меёбад?
Ҳаким Исмоилзода, адиб
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ