Марг анҷоми муноқиша гашт
Бино ба маълумоти ВКД рӯзи 23-юми июли соли 2017, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.
Гумонбаршуда, рӯзи 22-юми июли соли 2017, тахминан соати 18:40-дақиқа, дар кӯчаи Пироговаи шаҳри Қӯрғонтеппа аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо марди 34-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 11-маротиба ба аъзои баданаш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ