Марги чӯпонон (аудио)

Рашк сабаби куштор шуд?

Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ду чӯпон аз тарафи ҳамдеҳагон ба қатл  расида, аз баландӣ ба ҷарӣ партофта шудаанд. Ин хабари шум мисли барқ дар атрофи вилояти Суғд паҳн гардид. Миёни оммаи васеъ ҳар гуна гумон ба миён овард.

 7-уми феврал тахминан соатҳои 17:00-17:10 дақиқа ду чӯпони сокини ҷамоати деҳоти Ростровути ноҳияи Деваштичро (собиқ Ғончӣ) ба қатл расониданд. Инҳо  Баҳром Ҷӯраев, сокини деҳаи Хишекат ва Абдувосит Мирзоев, сокини деҳаи Даҳкат мебошанд. Номбурдагонро  сокинони деҳаи Даҳкати ҳамин ҷамоат-Саймулло Мирзораҳимов ва Зуҳриддин Боқиев ба ҳалокат расонида, ҷасадҳояшонро аз баландӣ ба ҷарӣ сарозер кардаанд. Ба гуфти як манбаи боэътимод, аз ҷамоат ҷасадҳоро  пас аз як шаби ҳодиса, яъне 8-уми феврал дарёфт ва  ба хок супурда шуданд.

Лутфулло Давлатов, муовини раиси ҷамоати деҳоти Ростровут дар робита ба ин ҳодиса гуфт, ки мақомоти милитсияи ноҳия гумонбарони ҳодиса-Саймулло Мирзораҳимов ва Зуҳриддин Боқиевро бо иттиҳоми даст доштан дар ин куштор дастгир кардаанд.

Гумонбар “тоқат”-и озодӣ надорад

Ҳолдонҳо  куштори ҳамдеҳагонро  ба таври гуногун шарҳ медиҳанд. Бархе бевазанеро сабаби  рух додани ин ҳодиса медонанд.  Ин зан, ки 5 сол пеш аз шавҳараш ҷудо шуда, бо Саймулло муносибати  наздик дошт. Зан  аз деҳаи Хишекат ва Саймулло аз деҳаи Даҳкат будааст, ки ин ду деҳаро як сой аз ҳам ҷудо мекунад. Рӯзе Баҳром ӯро насиҳат  кардааст, ки ту бо мардҳои дигар қишлоқ муносибат карда, обрӯи деҳаи худамонро мерезонӣ.  Баъдан  зан ба Мирзораҳимов занг зада, ҳазор дурӯғи дигар илова карда, ҷанг меандозад ва дар дили ӯ нисбат ба Баҳром  ҳисси бадбинию душманиро бедор мекунад.   Ҳол он ки ин мард баъди як кампири русро куштан 9 сол дар маҳбаси  Федератсияи Русия нишаста, ҳамагӣ 9-10 моҳ пештар ба озодӣ баромада буд.

-Танҳо маст шудану муноқиша кардан боиси ин куштор нашудааст. Ман, ки худам аз деҳаи Хишекат ҳастам, тамоми сокинони ин деҳаро хуб медонам. Баҳром нонашро бо чӯпонӣ меёфт ва ба неку бади касе кор надошт. Ин марди камбағал аз дасти як нохалаф, ки дасту пой ва устухони бинияшро шикаста кушт, фарзандонашро ятим карда рафт. Минбаъд се фарзанди ятими ӯро кӣ мехӯрону кӣ мепӯшонад? Тақдири оилаи онҳо чӣ мешавад?- бо ҳасрат гуфт Фарҳод Мирзоев,  яке аз дӯстони Баҳром.

   Вақти муноқиша ҳама  маст буданд

Лутфулло Давлатов, муовини раиси ҷамоати деҳоти Ростровут гуфт, ки ин куштор нигаронии тамоми сокинони ҷамоатро ба миён овард. Зеро дар байни  ин оилаҳо ягон хусумату душманӣ вуҷуд надорад, ки боиси куштор шуда бошад. Вале дар пайи суҳбатҳо оилаҳои мусибатрасида ором карда шуданд ва аз сар задани муноқишаҳо бо ҳамдигар ҷилавгирӣ карда шуд. Ба гуфтаи ӯ, яке аз 2 нафари боздоштшуда – Зуҳриддин Боқиев низ чӯпон буд, ки ҳаммаслаки худро кушт. Гумонбари  дуюм баъди хатми мактаб пуррагӣ ба мардикорӣ дар мулки рус оварда буд. Аммо дар он кишвар ҳам даст ба ҷинояти куштор зада, қариб 10 сол дар ҳабс нишаста буд, вале баробари озод шудан боз ҳамин ҷиноятро такрор кард.  “Инҳо вақти муноқиша ҳар чор маст будаанд. Онҳо пештар бо ҳам рафоқат ва рафтуомад доштаанд, аммо чӣ муносибати ғаразноки ба мо номаълум байнашон пайдо шуда, ки ҷанҷолу муноқиша кардаанд ва ду нафар рафиқонашон, Баҳрому Абдувоситро ба ҳалокат расонидаанд”, — афзуд муовин.

                    Парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, аммо…

Масъулини ШВКД-и ноҳияи Деваштич дар робита ба ин ҳодиса гуфтанд, ки  тибқи банди “қасдан ба ҳалокат расонидани одамон”  парванда боз карда, тафтиши қазияро пеш мебаранд. Як манбаи  наздик ба тафтиши ин парванда гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ба далели ошкор накардани сирри тафтишот аз бозгӯи ҷузъиёти бештари ин қатл ва сабабҳои содир шудани ҷиноят  худдорӣ мекунад. Ба гуфти ин манбаъ, Баҳром Ҷӯраев 37 — сола ва рафиқаш 47 — сола буда, ҳар ду оиладор ва аз   пайи пешаи чӯпонӣ рӯз мегузаронидаанд.

Вале ин фарзияи бархе сокинон аст ва тафтиши мақомот ҳанӯз поён наёфта, сабаби аслии сар задани муноқишаву ҷанҷоли байни сокинони мазкур, ки бо қатли ду нафари онҳо анҷом ёфт, эълон накардаанд.

Фарзона Муродӣ  

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *