Марги чаҳор фарзанди як хонавода аз заҳролудшавӣ

Дар ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканди Ӯзбекистон чаҳор тани аз 6-сола то 22-сола дар натиҷаи заҳролудшавӣ фавтиданд.

Мақомоти Тошканд мегӯянд, айни ҳол корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, ки як хонаводаи иборат аз 5 тан дар яке аз ошхонаҳои маҳаллӣ як шаб пеш аз ҳодиса кабоб хӯрдаанд.

«Баъди ба хона баргаштан, модар худро бад ҳис кард ва фарзандон якбора хоб рафтанд. Субҳ чаҳор кӯдаки вай фавтида буданд. Занро дар бемористон бистарӣ карданд», — менависанд расонаҳо.

Аммо расонаҳо бо такя ба вазорати тандурустии Ӯзбекистон хабар доданд, ки ин хонавода на аз кабоб, балки аз гази дохили хона заҳролуд шудааст.

Мақомоти Тошканд гуфтанд, баъдтар ҳодисаро шарҳ медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *